ҒОЗИБЕКОВ АРСЛОНБЕК

Ғозибеков Арслонбек (1929-2008) зодаи шаҳри Душанбе буда, фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1943 ба ҳайси бофандаи артели 8-уми март дар Душанбе оғоз намуд ва солҳои 1945-1946 колхозчӣ шуда кор кардааст.

Шавқи донишандӯзӣ Арслонбекро соли 1946 ба техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод овард ва ӯ онро соли 1949 хатм намуда, ба Душанбе баргашт ва дар вазифаи муҳосиби чамъияти матлуботи шаҳри Душанбе кор кард. 

Ғозибеков А. аз соли 1953 то 1958 дар шуъбаи кадрҳои шуъбаи савдои вилояти Ленинобод, аз соли 1958 то соли 1962 сардори шуъбаи савдои вилояти Ленинобод, баъд то соли 1964 дар вазифаи ҷонишини директори базаи савдои ҳамин вилоят кор кард.

Кордонию қобилияти ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, соли 1964 вайро директори заводи пивопазӣ таъйин намуданд. Аз соли 1966 то соли 1971 дар вазифаи директори комбината консервабарории шаҳри Ленинобод кор намуд. Аз соли 1971 ӯ ҷонишини аввали Раиси Раёсати Тоҷикматлубот ва аз соли 1976 то соли 1987 Раиси Раёсати Тоҷикматлубот буд.

Баъди ташкили филиали Донишкадаи савдои кооперативии сове- тии Новосибирск дар Душанбе аз соли 1987 то соли 1992 ҷонишини ректор ва аз соли 1992 то моҳи марта соли 1993 дар вазифаи ректор кор кардааст.

Ғозибеков Арслонбек соли 1980 дар мавзӯи «Савдои кооперативӣ ва захираҳои зиёдшудаи таъсирбахш» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илми иқтисод ва соли 1991 ба унвони илмии профессори кафедраи «Менеҷмент ва ҳуқуқ» соҳиб гардид.

Ғозибеков А. муаллифи 30 асари илмӣ буда, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи матлубот хизмати арзанда кардааст. Меҳнати сазовори ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Иқтисодчии хизматнишондодаи Тоҷикистон», ду ордени «Нишони фахрй» ва «Дӯстии халқҳо», медал барои «Меҳнати шуҷоатнок» ва даҳҳо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top