Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Ба маълумоти донишҷӯён мерасонем, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил ба муҳлати шаш моҳ дар Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Охирон муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 10-уми январи соли 2020 мебошад. Барои маълумоти иловагӣ ба шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Асосӣ Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳо дар натиҷаи муттаҳид намудани собиқ кафедраҳои «Таърих ва филология» ва «Забонҳои хориҷӣ»-и донишгоҳ моҳи августи соли 2017 бо истиснои фанни таълимии таърих таъсис дода шудааст.

Аз лаҳзаи таъсисёбӣ то инҷониб вазифаи мудирии кафедраро н.и.ф. Турди-Аханова И.А. ба уҳда доранд.
Собиқ кафедраи забонҳои хориҷӣ соли таҳсили 2000-2001-ум таъсис ёфта буд. Аз лаҳзаи таъсис то соли 2005, вазифаи роҳбарии кафедраи мазкурро дотсент Акрамов Ф.М. аз соли 2005 то соли 2011 дотсент Раҳмонов Ғ., аз соли 2011 то 2013 дотсент Раҳмонқулов М., аз соли 2013 то 2017 м.к. ҚозихоноваО.М. ва аз оғози соли 2017 то лаҳзаи барҳам хӯрдани кафедра дотсент Гурезов Ҷ.Н. бар зимма доштанд.

Айни ҳол дар кафедра 1-профессор, 12 номзади илм, дотсент, 18 муаллими калон, 7- нафар ассисент ва 1-оператор фаъолият мекунанд.
Омӯзгорони кафедраи забонҳо дар самти аҳамияти забонҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар корҳои илмӣ-методии худро пеш мебаранд.

Олимони кафедра барои омода намудани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир дар бозори меҳнат дар шароити ҷаҳонишавӣ ба воситаи таълиф намудани китобу дастурҳои мухталиф саҳми муассир доранд.

Дар кафедра барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳо ва ба масъалаи таҷҳизонидани синфхонаҳое, ки ба кафедра мансубанд, диққат дода шудааст. Ду адад синфхонаҳои лингафонии марбут ба кафедраи забонҳо дар бинои таълимии № 7, чун ҳуҷраи забони англисӣ бо маводи таълимӣ, овезаҳо, расмҳо, гӯшаҳо, таҷҳизонида шудааст ва омӯзгорон барои баланд бардоштани сифатнокии таълим, шавқовар гардонидани машғулиятҳо аз маводи даркорӣ истифода мебаранд.

Ин синфхонаҳои лингафонӣ бо VCD, телевизор ва экран таҷҳизонида шудаанд, ки барои такмил додани маҳорати шунавоӣ ва инкишофи нутқи шифоҳии донишҷӯён истифода бурда мешаванд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси дотсенти кафедра Абдулазизова З. ва муаллими калон Имаева М. як синфхонаи методӣ аз фанни таълимии забони русӣ дар бинои таълимии №5, ҳуҷраи № 304 ташкил карда шуд, ки донишҷӯён аз он самаранок истифода мебаранд. Дар ин ҳуҷраҳо, асосан, маводи таълимие, ки донишҷӯён дар иҷрои корҳои мустақилона омода месозанд, ҷой дода мешаванд.

Масъули синфхонаи №1 муаллими калон Алиева З.И. ва масъули синфхонаи №2 ассистент Маҳкамов Ш.Ф. ва масъули синфхонаи № 304 ассистент Ахмедова Ш.М. мебошанд, ки барои пурсамар гузаронидани машғулиятҳои амалию назариявӣ саҳми худро мегузоранд.

Омӯзгорони кафедраи забонҳо мувофиқи нақшаи тасдиқшуда машғулиятҳоро бо истифодаи воситаҳои нави техникӣ, усулҳои нави таълим гузаронида, барои самаранок шудани дарсҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар кафедра семинари илмӣ – методии омӯзгорон фаъолият менамояд, ки барои рушди забони хориҷии касбӣ ва соҳавӣ нақши муҳим дорад. Моҳе як маротиба мувофиқи ҷадвал семинари илмӣ-методӣ гузаронида мешавад ва дар кори он омӯзгорон: Казакова У., Насриддиниён Б., Турди-Аханова И.А., Алиева З., Ҷӯраева Х., Гурезов Ҷ., Тӯраева Д., Насриддинов Т., Занҷирова М., Одилова И. фаъолона ширкат менамоянд. Баромади устодон дар кафедра боиси баҳсу музокира гардида, барои баланд бардоштани дараҷаи илмию методии онҳо ёрии амалӣ мерасонад.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Кафедраи забонҳо