Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (512)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.


Масъуди Сипанд, шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи Амрико аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони абармарди таърихи Тоҷикистон ном бурд.

Раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ дар айёми таҷлили 27-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нодурусту иғвогаронаи мухолифин тоҷикро, ки санаи 9-уми сентябри соли 2018 дар пойтахти Полша Эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистонро қабул карданд, шадидан маҳкум менамоянд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва, бахусус, ҷавонони сарфарози он ба туҳмату буҳтон ва иғвогарию дасисабозии ватанфурӯшону хоинони миллат, ки ба хотири манфиатҳои маҳдуди ҳизбию гурӯҳӣ ва нафсонии худ бар зидди давлату миллати тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифату душмании иттилоотиро ба роҳ мондаанд, дода намешаванд ва ин амалҳои муғризонаро мавриди эътибору эътимод қарор намедиҳанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги давлатию миллии кишвари озоду ободи мо ва дастоварду комёбии беназири миллати бофарҳангу бостонии тоҷик аст.

Миллати мутамаддини тоҷик имсол низ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазою муҳити сулҳу субот ва дӯстию ҳусни тафоҳум бо комёбиҳои бузург дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг ҷашн гирифтанд.

Омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ва кулли мардуми азизи Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан ҷонибдорӣ менамоянд ва Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби худро дар муборизаю набардҳои гуногун бар зидди ватанфурӯшону душманони миллати тоҷик ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд.

Шанбе, 15 Сентябр 2018 04:42

Моҷароангезии мухолифин

Written by

11-уми сентябри соли 2018 дар саҳни биное, ки анҷумани Созмони амнияту ҳамкории Аврупо-САҲА идома дошт, дар байни намояндагони ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар муноқишаю занозанӣ ба вуҷуд омад. Ҳангоми аз бинои анҷумани берун омадани намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон яке аз намояндагони оппозитсия ба Мулло Аёмиддин Сатторов, узви собиқи ҲНИТ, аълон намояндаи расмии Ҳукуматӣ овезае бо шиори «Озодӣ ба маҳбусони сиёсии Тоҷикистон!»-ро дод, то дар чунин вазъият аз ӯ сурат бигирад. Дар ин вақт як ҷавон бо либоси расмӣ шиори мазкурро аз дасти Мулло Аёмиддин Сатторов чанг зада гирифт ва онро пора-пора кард.

Дар натиҷаи ин амали иғвоангезона ва муғризонаи намояндагони ҷониби мухолифин бо номи Сулаймон Орзуев ва Вайсиддин Одинаев нисбат ба намояндагони ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва занозанӣ рух дод, ки дар ин амали ноҷавонмардона, таҳрикомез ва ноодилона мухолифини тоҷик гунаҳгор мебошанд ва онҳо боз як бори дигар қалби нопоку чеҳраи манфури худро ба ҷомеаи мутамаддини Аврупои имрӯза нишон доданд.

         Масъулини анҷумани САҲА дар ҷаласа аз ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди амалҳои моҷароҷӯёнаву таҳрикомези мухолифини тоҷик дар шаҳри Варшаваи Полша узр хостанд.

         Мо намояндагони ҷомеаи шањрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин гуфтору рафтори нодурусту ғаразноки мухолифини тоҷикро, ки ба миллату меҳани худ душманию кинаварзӣ мекунанд, ҳаргиз намепазирем ва онҳоро комилан маҳкум менамоем.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.

Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.

Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хата, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис тода шуд, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ – иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан ба шаклҳои навиқонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба таъғйирёбии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиётиҷомеа таъсир расонид.

Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегирифтанд. Ғайр аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткорон афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ содир менамуданд. Аз рӯи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айни замон ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» «Давлати исломӣ» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.

Боз як рохи ТЭТ ХНИТ баста шуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд. Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад. Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд. Мо бояд дастљамъона бар зидди ифротгароён мубориза барем.          

       Гурўҳҳои иғвоаангезу моҷароҷў, дасисабозу ифротгаро боз чандин асосҳоро барои оғози фаъолияти нави хеш бо номи ҷадид Паймони Миллии Тоҷикистон пеш меоранд. Зеро бо номҳои қаблӣ амалу рафторҳои ноҷавонмардонаву хиёнаткорона аллакай сурат гирифтанд. Бояд бо номи баландтаре ин маротиб мардумро сӯи ғаразҳову ниятҳои сиёҳи хеш кашанд. Зери номи ислом, ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди Тоҷикистон, озодандешони тоҷик барор наёфтанд. Имрӯз ин гурӯҳҳои шикастхӯрда мехоҳанд муттаҳид шаванду бо дасисаву найрангези нав мардумро ба сӯи мақсадҳои муғризонаву нопокашон ҷалб созанд.

     27 соли соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ 27 китоби бузург, иқдомҳои созанда, амалҳои хайру савоб дар роҳи рушду пешрафти тамоми самтҳои муҳиму афзалиятноки мамлакат ва манфиатҳои миллӣ буд. Мо баъди дасисаву моҷароҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки бо дасти гурӯҳҳои зархариду моҷароҷӯ анҷом ёфт ва тамоми самтҳо, иқтисоду иҷтимоиёти кишвар фалаҷ гардида буданд.  Боиси он шуд, ки ҷумҳурӣ ба қатори қашшоқтарин давлатҳои дунё ворид гардад, дар давоми 27 сол ин оқибатҳои харобиовари дасти онҳо барқарор ва рушду пешрафти самтҳои муҳими мамлакат таъмин карда шуд.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун минбари рў ба рушд инкишофёфта шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 85 фоиз то 29 фоиз коҳиш дода шуд. Он бандҳои бисёр аламоваре, ки шумо дар эъломияи худ изҳор доштед, ҳама ба маротиб таъмин карда шудаанд ва беш аз ин иқдомҳои бузургу созандае амалӣ гардиданд, ки мислашро таърих ёд надорад. Шумо дар тартибу эълони эъломияи худ дер кардед. Зеро ба он имрӯз ниёз нест.

Зуҳурзода З.

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 падидае ба номи «Терроризм» махкам кувваат гирифт, ки ба воситаи пуркуввати мубориза барои манфиатхои сиёси, идеологи ва геополитики табдил ёфтааст. Террор-аз калимаи лотини гирифта шуда, маънояш тарсу харос, дахшат мебошад. Терроризм сиёсати тарсонидан, ба дахшат афкандан, пахш кардани ракибони сиёси бо рохи зурию дахшатафкани мебошад. Хар як мафхум таърихи пайдоиши худро дорад.

Шаклхои зухури терроризм хеле гуногун мебошанд. Бинобар ин мутахассисон онро хар гуна таксимбанди мекунанд, терроризм байналмилали, давлати, гуруххои мухолифи давлати ва дохили давлати. Аз руи хислати ичтимои бошад, терроризми ичтимои, дини ва этники мебошад. Бовучуди ин як тарифи мукаммали терроризм не, балки даххо таъриф вучуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зуровари ва дахшатафкани ба хотири ба даст овардани максадхои сиёси мебошад. Мушохидахо нишон медиханд, ки аксаран шахрвандони точикистон ба кишвархои оисиёи Маркази ба Русия, яъне кишвари мухочирати мехнати кори бо рохи найранг ва сардаргуми шомили гуруххои созмонёфтаи чинои мегарданд. Терроризм, террористхо ва гуруху харакатхои мамнуъи ифроти ва танхо мояи ташвишу нигаронихо дар точикистон шудааст, балки онхо барои тамоми кишвархои чахон хатарзо мебошанд. Бештар чавоне, ки дар шабакахои ичтимои шомили гуруххои мазхаби хастанд ё дар мавзуъхои динию мазхаби бахсхои тунду гохе холи аз мантик доир мекунанд. Чавоне, ки зохиран мазхаби, аммо бо диниши мукаммали дини номусаллах мавриди хадафи чиддагарон ё афроти мацзшуи ифротгаро карор мегиранд. Президенти кишвар, Пешвои миллат, Эмомали Рахмон зимни мулокоташ бо ахли чомеа аз он изхори нигарони кард, ки баъзе гуруххо аз низоми мусоиди чомеаи шахрвандии Точикистон суистифода менамоянд. Ба гуфтаи у «Ифротгарои ва таассубу хурофот коштани тухми кинаву адовати диниву мазхаби маргталабихои дини, суистифодаи ислом бо царазхои сиёсии гурухиву шахси ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрузхо моро водор месозанд, ки моро дар ин самт тадбирхои катъи андешем. Хурофот, таасуб, ифротгарои ва бесаводи чахолат ва торикист ва ба мардум танхо бадбахти меорад. Аз ин ру хар як шахрвандро зарур аст, ки худро нисбати ин амалхои номатлуб бетараф нагирифта, бар зидди он мубориза барад. Нагузорем, ки фарзандони мо, ё ин ки чавони диёр фирефтаи чунин гуруххои номатлуб гарданд. Набояд моя бадбахтию сиёхрузии худ, фарзандон ва хаватанон шавем. Хамчунин дастуру супоришхои асосгузори сулху вахдати милли, пешвои миллатро сармашки кори худ намуда, бахри пойдор нигох доштани якпорчагии давлати сохибистиклоламон талош варзем. Нагузорем, ки нохалафон тинчию оромии давлати моро халадор созанд.

Ҷумъа, 14 Сентябр 2018 08:29

Тероризм вабои ҷомеъа

Written by

 

Солҳои охир равандҳои иртиҷоие ба монандӣ тероризм, экстримизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон тариҷан доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд.

Қатлу куштори ваҳшиёна кори маъмулии аъзои гурӯҳи терористӣ мебошад. Куштори бураҳмонаи занону кӯдакон низ барои онҳо амри маъмулист. Онҳо ба дини мубини Ислом аз зовияи ҷангу сиёсат менигаранд. Хело таасуфовар аст, ки дар ин кушторҳои ваҳшиёна ва амалиётҳои терористӣ баъзе ҷавонони мо ҳам иштирок доштанд. Онҳо мақсад гузоштанд, ки ба домани гулпӯши ватани мо ҳам дасти хунини худро расонанд, ба домане, ки дар он ба камол расиданду парвариш ёфтаанд.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳаракатҳои ифротӣ бо мурури замон низоми муташакили сиёсӣ касб кардааст ва онҳо иддаои тағйир додани низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмониро доранд зери таъсири ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ботил сохтани арзишҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа шакл гирифта истодаанд. Иштироки шаҳрвандони тоҷик дар амалиёти ин гуруҳҳо собит сохт, ки ҳадафи онҳо танҳо Ироқу Сурия нест. “Ҳамаи қуваҳои ифротӣ мекушанд вазъи маънавӣ ва фарҳангиеро, ки ҷомеаи давлатҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва ҷавононро барои пиёда кардани манфиатҳои манфури худ бараъло истифода баранд. Дар ҷомеаи суннатии мо дин мавқеи намоён дорад”. Барои ҳамин қуваҳои ифротӣ ба ҷомеа ба шакли дин ворид мешаванд.

Бо пешрафти технологияи муосир гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароӣ душвор шудааст. Муборизаро мебояд ба умќи масъала равона сохт. Тафаккури насли наврасро бедор намуд, то ки аз ҳадафҳои зоғҳои бадмур огоҳ гарданд.

Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ барои бунёди давлати исломӣ ва иҷрои қатъии аҳкоми шариат мубориза мебаранд, вале дар асл чунин нест. Дар асл чунин ҳаракатҳои ифротгаро падидаи исломӣ нестанд, балки созмони сиёсишудае мебошад, ки зери парчами ислом амал карда бо ин роҳ ҳадафҳо ва манфиатҳои ғаразноки сиёсиашонро роҳандозї мекунанд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсусӣ хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Дар ин раванд ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстримистии хориҷӣ таҳсил кардаанд, метавонанд ширкат кунанд.

Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, амалкардҳои аъзоёни “Далати исломӣ”, ки бо номи “ҷиҳод” анҷом дода мешавад, бо исломи аслу ноб робитае надорад. Дар натиҷаи амалиёти терористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон қурбон мегарданд ва занон ба ҳалокат мерасанд. Ин амалу рафтори аъзоёни давлати ба ном исломиро тамоми аҳли башар ашадан маҳкум намуда, мављудияти онро касе намехоҳад. Фаромўш намобояд кард, ки террорист на мазҳаб, на миллат ва на Ватан надорад. Танҳо ҳадафи террорист як чиз аст, ки ин ҳам бошад, пиёда сохтани амалҳои номатлуб ва даст овардани маблағ ба шумор меравад.

Ҷумъа, 14 Сентябр 2018 08:23

Офтобро бо доман наметавон пўшонд

Written by

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гашт, чунин иброз доштанд: «Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятию сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».

Ин таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд роҳбарони кишварҳои оламро ба андеша водор созад. Зеро имрўз аз оқибати амалҳои террористию ифротгароӣ дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехўрад.

Мутаассифона, дар баъзе кишварҳо неруҳое ҳастанд, ки аз ин зуҳурот – терроризму экстремизм ба сифати як хадамоти махсуси таъсиррасонӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, геостратегӣ ва минтақавиашон истифода мекунанд. Чунин муносибат нисбат ба ин вабои аср моро ба мулоҳиза кардан водор месозад. Чунки «…кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд».

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси capзадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон шуд.

Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанўз аз хотири мардум зудуда нашудааст. Он ҳамчун доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Имрўз дар фазои Тоҷикистон офтоби сулҳ нурафшон аст. Занону духтарон озоданд. Аз ин рў, шукри истиқполу озодии кишварро мекунем.

Ҷумъа, 14 Сентябр 2018 08:19

Доғи сиёҳ дар сафҳаи таърих

Written by

Вазъи ҳассоси минтақа ваҷаҳони муосир ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар нигоҳи дақиқтар ва таҳлилҳои амиқтар дошта бошем. Пеш аз ҳама, бояд нисбат ба неруҳо ва омилҳои дохилие, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузорони хориҷӣқарор гирифта, боиси ташаннуҷи вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа гарданд, мавқеи ҷиддитару қотеонаро пайгирӣ намоем. Зеро худкомагиву бенизомии ин неруҳо имкони дахолати бештар ва густурдатареро ба неруҳои манфиатҷўи бегона фароҳам хоҳад овард.

Дар кишвари мо неруҳое мавҷуд буданд, ки имкон доштанд боиси ташан­нуҷи вазъи ҷомеа гарданд. Махсусан, собиқ ҲНИ, ки ба тафовут аз ниҳодҳои дигари тундрави динӣ қаблан дар кишвари мо иҷозати фаъолияти расмиро дошт, баъди қатьи фаъолият ва паноҳ бурдан ба хориҷа ҳанўз ҳам дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеа ва кишвар мебошанд.

Имрўз террористони фирории ҲНИ андеша доранд, ки амалҳои ваҳшиёнаи ба сари миллати тоҷик овардаи онҳо аз зеҳни мардум фаромўш шудааст. Бешармона аз адолат, ҳақиқат, қонун ва демократия ҷор мезананд. Нафароне, ки дасташон олудаи хуни ҳазорон одами бегуноҳ буда, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандианд, заррае виҷдону эмон надошта, имрўз ҳам бар зидди давлату миллати худ хиёнату ҷиноятҳои гўшношунид зоҳир мекунанд.

Роҳбарону масъулони ҲНИ бояд фаромўш насозанд, ки хиёнату амалҳои террористии даҳшатбори ба амал овардаи онҳо дар хотири ҳар фарди ин миллат нақш бастааст ва он ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Дигар ҳеҷ гоҳ мардуми мо ба фиребу найранги наҳзатиҳои террорист дода намешаванд ва дар ҳама ҷо онҳоро маҳкум мекунанд.

Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанўз аз хотири мардум зудуда нашудааст. Он ҳамчун доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Имрўз дар фазои Тоҷикистон офтоби сулҳ нурафшон аст. Занону духтарон озоданд. Аз ин рў, шукри истиқполу озодии кишварро мекунем.

Ҷумъа, 14 Сентябр 2018 08:16

Ифротгароӣ чист?

Written by

 Дар конференсияҳои илмӣ ва байналмилалӣ таъкид мешавад, ки то имрӯз падидаҳои экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Таърифи илмӣ ё фаҳмиши ягона барои ин падидаҳои мураккаб мушкил аст. Ихтилофи манфиатҳои идеологӣ ва сиёсӣ иҷозат намедиҳад, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ таърифҳои ягонаи падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм ба даст оянд.

Дар масъалаи мубориза бо “ифротгароии динӣ” низ доштани чунин нигоҳи прагматикӣ ва чунин шинохти амалӣ кори мубориза бо онро бисёр дақиқтар ва ҳадафмандтар менамояд. Дар бораи ифротгароии динӣ “таърифи ягонаи илмӣ” надошта бошем, аммо бисёр заруртар он аст, ки мо дар бораи моҳият ва хусусиятҳои асосии он шинохти дақиқи амалӣ ва воқеъбинона дошта бошем. Яъне мо бояд дақиқан бидонем, ки бо чӣ падидае рӯбарӯ ҳастем ва бо чӣ падидае мубориза мебарем.  

Аз нигоҳи луғавӣ, «ифрот» калимаи арабӣ буда, решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Дар мавриди ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»-ро дар маънои луғавии он истифода намудан мумкин аст. Маънои муқобил ё антоними калимаи “ифрот” калимаи “тафрит” аст, ки он низ аз решаи “фарт” буда, ба маънои бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад нисбати чизе мебошад.

Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи “ифрот” буда, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоҷикии “гароидан” ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда, “гаро” шакли калимасозӣ он аст. Аммо ифротгароӣ ба маънои майл доштан ба зиёдаравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад.

Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ ва русӣ, мафҳуми ифротгароиро бо истилоҳи машҳури экстремизм ифода мекунанд. Экстремизм низ дақиқан ба маънои тамоюл ба ифрот, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан мебошад.

Маънои истилоҳии ифротгароӣ нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад. Имрӯз, аз ҷумла дар ин мавод, калимаи ифротгароӣ ё экстремизм маҳз ба ҳамин маънои истилоҳии он истифода мешавад.      

«Ифротгароии динӣ» яке аз маъмӯлтарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмӯлан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.

Ифротгароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Пас, радикализми динӣ марҳили ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст; он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Маънои луғавии террор таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд.

Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ, тундравии динӣ, даҳшатафкании динӣ, марҳилаҳои пайдарҳами инкишоф ва ташаккули гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир мебошанд.

Имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро экстремизм, тундравиро “радикализм” ва даҳшатафканиро “терроризм” мегӯянд. Ин истилоҳҳо низ ҳамин маъноҳоро ифода карда, фақат шакли лотинии пазируфташудаи ин мафҳумҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакл истифода намудани ин истилоҳҳо низ дуруст аст, зеро ҳоло муҳимтар он аст, ки ин мафҳумҳо ва ин падидаҳо ба мардум фаҳмо буда, моҳият ва хатари онҳо барои мардум рӯшан бошад. Экстремизми динӣ радикализми динӣ ва терроризми динӣ давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷиранд, ки дар маҷмӯъ, тафаккур, амалия ва моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои диниро ташкил мекунанд.

Аҳаммияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳаммияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд.

Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароии динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳимми кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.

Страница 32 из 37

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top