Кафедраҳо

Кафедраҳо (135)

Ҷумъа, 12 Январ 2018 05:17

Кормандони кафедра

Written by
Азимбоев Абдушафе
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, н.и.ф-м., дотсент.
 
 

Исаев Рустам Сулейманович
н.и.и., дотсент

Давлатова Зуҳро Акбаровна
муаллими калон

Қурбонов Маҳмарасул Абдуқодирович
н.и.и., муаллими калон

Раҷабов Абдурауф Абдуҳамидович 
Телефон: моб. 935000771
e-mail Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
муаллими калон

 

Шамсов Фатҳиддин Тоирович
муаллими калон

Сангинов Ҳамит
муаллими калон
 

Рахимов Неъмати Ҳабиб
муаллим

Шарифова Ҷамила Назруллоевна
ассистент

Қурбонова Сураё Аҳтамовна
ассистент

Буриев Бехрузҷон Маҳмадалиевич
муаллими калон

Кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар ҳамкории тарафайн бо корфармоён тадбирҳои зиёд меандешад. Ҳамкории судманди кафедра дар он ифода меёбад, ки донишҷӯён   ба таҷрибаомузии истеҳсолӣ  ба  корхонаву муассисаҳои зерини ҷумҳурӣ фиристода мешаванд: Ширкати Тарена, Cisco, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо фиристода мешаванд.

Кафедраи системахои иттилоотӣ дар иктисодиёт соли 1993 таъсис дода шудааст. Дар тӯли ин солҳо кафедра бо номҳои гуногун - «Менеҷмент ва ҳуқуқ» (1993-1994), «Информатика» (1994-1996), «Менеҷмент ва технологияи компютерӣ» (1996-2000) ва аз соли 2000 то ҳол бо номи «Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» фаъолият менамояд.

Устодони кафедра ба таҳқиқи мавзӯи «Дурнамои рушди соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғул мебошанд. Дар ҳаллу фасли масъалаҳои дар назди кафедра гузошташуда ва тарбияи мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ саҳми дот¬сентон Исаев Р.С., Салимов Н.С., Зайнуддинов С.Н., Азимбоев А., Насруллоева М.,Юнусов Ш.Ю., муаллимони калон Сангинов X,., Фузайлова М.С., Курбонов М., Буриев Б., Шамсов Ф., Раҷабов А., ассистентон Тӯлиев М., Шарипова Ҷ., Қурбонова С. Давлатова З. ва ғайра хеле калон аст.

Аъзоёни кафедра тӯли солхои 2007-2018 бештар аз 100 номгуйи асарҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ навишта, пешкаши донишҷӯён намуданд. Ҷорӣ намудани системаи кредитии таълим талаботхои навро пеш овард. Ин талаботҳо устодони кафедраро водор намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим аз технологияи муосир ва барномаҳои хозиразамон ба таври самарабахш истифода намоянд.

Кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иктисодиёт мутахассисонро аз рӯйи ихтисоси 40010202 – низом ва технологияи иттилоотӣ дар иктисодиёт ва 250112 – информатикаи иқтисодӣ тайёр менамояд ва кафедра пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сифати тайёр намудани мутахассисони замонавиро дар сатҳи заруӣ баланд бардорад.

Бо ин мақсад устодони кафедра дар таълими фанҳои тахассусӣ - «Асосҳои алгоритм ва забонҳои барномасозӣ», «Базаи маълумот», «Бехатарии иттилоот», «Забони барномасозии делфӣ», «Забони барномасозии С++», «Коркард ва татбиқи барномаҳои амалӣ дар иқтисодиёт», «Лоиҳакашии системаҳои иттилоотӣ дар икти¬содиёт», «Моделсозии равандҳои иктисодӣ», «МЭҲ, шабака ва системаҳои телекоммуникатсионӣ», «Назарияи идоракунии оптималии системаҳои иктисодӣ», «Технологияи иттилоотӣ дар иктисодиёт» усулҳои пешкадами таълимро истифода намуда, дар тайёр намудани мутахассисон ба комёбиҳои назаррас соҳиб гардидаанд.

Чорабинии дигаре, ки устодони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати мутахассисон андешида истоданд, ин бо маводхои таълимӣ, тавсияҳои методию васоитҳои таълимӣ таъмин намудани донишҷуён мебошад.

Хатмкардагони ихтисоси 40010202 – низом ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва 250112 – информатикаи иқтисодӣ дар корхонаҳои гуногун, бонкҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халки ҷумҳурӣ ва берун аз он самарабахш кор фаъолият намуда, дар пешрафти иктисодиёти ҷумхурӣ саҳми арзанда гузошта, номи кафедраю донишгоҳро дар ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар муаррифӣ менамоянд.

Шанбе, 27 Январ 2018 04:21

Нақшаи маҳфили Менеҷер

Written by

Мақсад ва вазифаҳои кори маҳфили «Менеҷер»
Маҳфили  «Менеҷер» яке аз  маҳфилҳои асосӣ  барои ихтисосҳои   менеҷмент, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, маркетолог, тиҷорат, молшинос - эксперт иқтисодчии байналхалқӣ, фаъолияти бонкӣ ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.

Яке аз масъалаҳои маҳфили  «Менеҷер» омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони оянда,  ташаккули донишҳои устувор дар соҳаи иқтисоди корхона, фароҳам овардани маҳорат ва малакаи барои фаъолияти самаранок зарурӣ мебошад. Инчунин, донишҷӯён бояд ба сифати мутахассиси ояндаи корхонаҳои шакли моликияташон гуногун аз тарзу воситаҳои нақшагирӣ, таҳлил ва идоракунии корхона бархӯрдор бошанд.

Дигаргунисозиҳое, ки таи солҳои охир дар иқтисодиёти соҳибистиқлоли Тоҷикистон рух додаанд, дар қатори комёбиҳо боз мушкилиётҳои зиёдеро ба миён гузоштанд, ки ҳалли асосноки онҳо аҳамияти тақдирсоз дорад. Пеш аз ҳама ин ба тайёр намудани мутахассисони варзида ниёз дорад, ки онҳо ба ҳалли вазифаҳои рӯзмарраи иқтисодиёти бозорӣ саҳмгузор бошанд. Ба ин гунна мутахассисон: иқтисоддон, менеҷерон, бухгалтеру аудиторон, соҳибкасбони молиёту гумрук, бозоршиносон ва ғайра шомиланд  мебошад.

Менеҷмент ва омӯзиши ин илми басо муҳиму шавқовар ба донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони самтҳои «иқтисодиёт» ва «менеҷмент» пешкаш намудани донишҳои мукаммали назариявӣ ва амалии менеҷменти ҳозиразамон, такмил додани малакаҳои амалии касбии мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва истифодаи донишҳои касбӣ дар истеҳсолот, тиҷорат ва соҳаҳои гуногуни онҳо мебошад.

Менеҷмент ва омӯзиши ҳамаҷонибаю ҷиддии он ҳоло дар роҳи тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи  соҳаи  иқтисодиёт нақши басо муҳим дорад. Бинобар ин ҳар як донишҷӯи мактаби олӣ бояд ҳамеша саъю кушиши зиёде ба харҷ   диҳад,  ки дар натиҷаи омӯзиши ин илм масъалаҳои зеринро ҳал намояд:

 - ба донишҳои устувор ва мукаммали назариявӣ соҳиб гардад;
 - ҳамзамон донишҳои назариявии худро бо қобилият ва сифатҳои шахсӣ ва бо таҷрибаи амалӣ дар соҳаи менеҷмент ҳамоҳанг созад;
 - қобилияти эҷодии худро мунтазам ва пайваста бо назардошти таҷрибаи хоҷагидории бозорӣ такмил  диҳад;
 - дар қабули корҳои идорӣ ва ҳалли оқилонаи вазифаҳои иқтисодӣ эҷодкорӣ, ташаббус, иродаи қавӣ, донишҳои амиқи касбӣ нишон дода, тараққиёти босуботи иқтисодиётро ва омилҳои ба онҳо таъсиррасонандаро хеле хуб дарк ва амалӣ намояд.
 - бо санадҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти корхонаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ танзим месозанд (аз нуқтаи назари ҳамкорӣ бо давлат, таҳвилгарони мол ва истеъмолгарон, муассисаҳои молиявӣ-қарзӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), ҳамчунин бо тадқиқотҳои муосири ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи иқтисод ва ташкили фаъолияти корхона шинос бошад.

Ин маҳфил масъалаҳои асосӣ ба монанди кордонӣ, қобилияти хуби идоракунӣ ва саъйю кӯшиши пайваста барои ҳалли судманди мақсадҳои гузошташударо дар бар  мегирад.

Тадқиқотҳои илмӣ ва натиҷаи онҳо бо якҷоягии таҷрибаомӯзӣ ва фанни менеҷмент барои баланд бардории қобилияти идоракунӣ, шароити ташаккулёбии бозор нақши муҳимро мебозад. Барои беҳтар аз худ намудани ин фан донишҷӯён ба маҳфили «Менеҷер» ҷалб гардида нисбати ҳар як мавзӯ адабиёти иловагиро бояд истифода баранд.

Маҳфил дар базаи таҷрибавӣ дар асоси базаи таълимии кафедра ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникӣ ба нақша гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавон нақши асосиро мебозад. 


Номгӯи мавзӯъҳо

Ному насаби донишҷӯён

Роҳбари илмӣ

Санаи баргузор-шавӣ

1.

Нормирование труда в системе управления персоналом

Шамсутдинова А.

3 к., 250108р

Аминов Ф.И.

14.09.2017

2.

Особенности финансового менеджмента в комерческих банках

Набиев Ё.

4 к., 250104р

Саидова М.Х.

28.09.2017

3.

Самтҳои асосии стратегияи тараққиёти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Искандарзода М.

2 к., 260202

Мирзоаллиев А.

12.10.2017

4.

Хусусияти менеҷменти молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидаҳмадзода М.

4 к., 260202

Саломова У.Т.

26.10.2017

5.

Вазифаҳои асосии менеҷерони муваффақ дар замони муосир

Маҳмадалиев М.

3 к., 25010801

Абдуллоев З.А.

09.11.2017

6.

Сармоя ва моҳияти иқтисодии он

Садриддинов М.

4 к., 250104

Наврузова М.А.

09.11.2017

7.

Рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашурова Б.

3 к., 260202

Машокиров Ҷ.

23.11.2017

8.

Мушкилоти рушди меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салихов Д.

3 к., 260202

Абдуғаниев Ш.

23.11.2017

9.

Аз нав таъсисдиҳии корхонаҳо дар шароити муосир

Нигора Олимӣ.

4 к., 260202а

Раҳмонов И.Қ.

14.12.2017

10.

Концептуальные основы управления персоналом и зарубежный опыт

Замонова С.

3 к., 250108р

Аминов Ф.И.

28.12.2017

11.

Конфликтность в менеджменте

Гурезова Ш.

4 к., 250104р

Саидова М.Х.

07.03.2018

12.

Вазъи бозори меҳнат дар шароити муосир

Холматов Р.

2 к., 890101

Мирзоаллиев А.

08.02.2018

13.

Менеҷменти молиявии бизнеси хурд дар корхонаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоева А.

4 к., 260202а

Саломова У.Т.

22.02.2018

14.

Нақши туризми экологӣ

дар иқтисодиёти миллӣ

Исҳоқов Б.

4 к., 260202а

Ҳисориева Г.Т.

07.03.2018

15.

Зарурати рушди саноати туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рустамова М.

2 к., 26020312

Ҳисориева Г.Т.

29.03.2018

16.

Усулҳои интихоб ва мутобиқшавии кормандон дар корхона

Боймадова У.

3 к., 25010801

Абдуллоев З.А.

12.04.2018

17.

Моҳияти бозори молиявӣ ва иштирокчиёни он

Назризода В.

4 к., 250104

Наврузова М.А.

26.04.2018

18.

Рушди туризми дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Айни Фароғат.

3 к., 260202

Машокиров Ҷ.

26.04.2018

19.

Нақш ва вазифаҳои менеҷер дар шароити иқтисоди навоварӣ

Акбаров Ф.

3 к., 260202

Абдуғаниев Ш.

10.05.2018

20.

Зарурияти менеҷменти навоварӣ дар замони буҳрон

Зайдуллоева Д.

4 к., 260202

Раҳмонов И.Қ.

24.05.2018

Кафедраи Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат дар заминаи кафедраи Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои илимони донишгоҳ таҳти №1 аз 31.08.2006 ҳамчун кафедраи «Менеҷмент» ба фаъолият оғоз намудааст. Номи кафедра бо қарои Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №2 аз 01.12.2015 ба кафедраи «Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат» иваз карда шуд. Зарурати ташкил намудани ин кафедраро инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, такмил додани усулҳои идоракунии сохторҳои мухталиф ва тарбияи роҳбарону менеҷерон бо нигоҳи ҷадид барои соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳиву меҳмоннавозӣ ба миён овард. Роҳбарии кафедраро аз соли 2006 то 2013 н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба ӯҳда дошт, ки дар ин муддат кафедра ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз соли 2013 то 2018 роҳбарии кафедраро н.и.и. Аминов Ф.И. ба ӯҳда дошт. Аз ноябри соли 2018 то ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба уҳда дорад.

Кафедра бо базаи хуби таълимию методӣ, кадрӣ ва техникӣ таъмин буда, барои омӯзонидани асосҳои менеҷмент, менеҷмент, менеҷменти савдо ва хӯроки омма,  менеҷменти тиҷорат, менеҷменти стратегӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти навовариҳо, менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмонхонадорӣ, таърихи туризм, тараққиёти туризм, асосҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, рафтори ташкилӣ, назария ташкилӣ, санъати роҳбарӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, идоракунии корхонаҳои савдо, идоракунии хоҷагиҳои кооперативӣ, идоракунии кормандон, идоракунии сифат, тадқиқоти низоми идоракунӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат, менеҷменти кооператсияи матлубот, ташкил ва меъёрдории музди меҳнат, ташкил ва идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, психология ва ахлоқи идоракунӣ, идоракунии зидибӯҳронӣ ва маданияти меҳмонхонадорӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад.

Устодони ботаҷрибаи кафедра н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. (мудири кафедра), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М. (шодравон), д.и.и., профессор Розиқов В.А., н.и.и., дотсент Анваров М.А. (шодравон), н.и.и., дотсент Ҷонов Г.Д. (шодравон), н.и.и., дотсент Аминов Ф.И., д.и.и. профессор Саидова М.Х., н.и.п., дотсент Ҳусейнов Б.А., н.и.и.. дотсент Қиёмиддинов Ҳ., н.и.и., м/калон Сафарова Л.Д., н.и.и., м. калон Саломова У.Т., н.и.и., м/калон Исвалиев С.Ҷ., н.и.и., Мутиева С. Ҷ., Phd (доктор)Бобохонов С. Ғ., н.и.и. Пулатова Ш.Б. ва ғайраҳо дар тарбияи мутахассисон саҳмгузоранд. Донишҷӯёни кафедра аз рӯи тахассуси 260202 - «Менеҷменти туризм ва хоҷагии меҳмонхонадорӣ», «Менеҷменти корхонаҳои савдо» ва 890101 – «Саёҳат ва меҳмоннавозӣ» таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиc сабзида мерасанд ва баъди хатми донишгоҳ барои тараққиёти соҳаи навини иқтисодиёт – «Сайёҳӣ» ва «Тиҷорат» саҳмгузорӣ мекунанд.

Чи хеле маълум аст, самти асосии тадқиқоти илмии донишгоҳ «Дурнамои рушди соҳаи хадамот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуда буд. Дар ин асос, кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат фаъолияти илмӣ-тадқиқотии хешро аз рӯи мавзӯҳои «Идоракунии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ: мониторинг, тараққиёт ва стратегияи он дар шароити бозор» ва «Ташаккул ва такмилдиҳии рушди соҳаи сайёҳӣ ва хадамот дар шароити муносибатҳои бозорӣ» идома дода, дар чорчӯбаи ин мавзӯъ, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра бо самтҳои мушахасс фаъолияти назаррас доранд.

Омӯзгорони кафедра натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотиашонро хулоса намуда, фишурдаи маърӯзаҳояшонро дар конфронсҳои гуногун мавриди баҳс ва муҳокима қарор медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки муаллими калони кафедра Мизробов С.С. ва Ҳисориева Г.Т. дар соли таҳсили 2019-2020 рисолаи номзадии худро натиҷагирӣ намуда, дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ дифоъ хоҳанд кард.

Имрӯзҳо аҳли омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани комплексҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои айёнӣ, маводҳои тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас сарф менамоянд.

Душанбе, 28 Октябр 2019 03:13

Кадрҳои илмӣ-омӯзгории кафедра

Written by

Дар кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ потенсиали пурқуввати кадрҳои илмӣ вуҷуд доранд. Аксари аъзоёни кафедра унвонҷӯён буда, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ менависанд. Солҳои 2017 ва 2018 се нафар аъзои кафедра рисолаҳои номзадии худ ва як нафар аъзои кафедра рисолаи доктории худро дар Шуроҳои диссертатсионии назди ДДТТ ҳимоя намуданд.

Дар иҷрои нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли 2019, аксари аъзоёни кафедра ширкат ширкат хоҳанд варзид. Дар поён устодони кафедра ва мавзӯъҳои таҳқиқоти онҳо оварда мешавад:

1. Профессор Ҳабибов С.Ҳ. - дар мавзӯи «Масоили рушди устувори савдои дохилӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон»;
2. Профессор Фақеров Ҳ.Н. – дар мавзӯи «Бозори молҳои истеъмолӣ в рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
3. Дотсент Исматуллоев И.У. дар мавзӯи «Тиҷорати хонаводагӣ:назариёт, методология ва роҳҳои татбиқи он»;
4. Дотсент Сангинов Н.С. дар мавзӯи «Ҳамгироии маҷмааи таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори хадамоти таҳсилотӣ ҷаҳонӣ»;
5. Дотсент Толибов Қ.Қ. дар мавзӯи «Масоили иқтисодию иҷтимоии рушди соҳибкории хурд дар Тоҷикистон»;
6. Дотсент Шаропов Ф.Р. дар мавзӯи «Масоили рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаи хизматрасонӣ ва савдои чакана»;
7. Дотсент Қодирова З.Ҳ. дар мавзӯи «Идоракунии рушди бозори хизматрасонии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
8. н.и.и., муаллими калон Амонов С.Н. дар мавзӯи «Сармоягузории хориҷӣ ва роҳҳои рушду такомули он дар шароити равнақёбии равандҳои ҳамгироӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)»;
9. н.и.и., и.в. дотсент Ҳабибова С.С. дар мавзӯи «Савдои дохилии молҳои истеъмолӣ: арзёбии вазъияти муосир ва ва самтҳои стратегии рушди он дар шароити иқтисоди бозорӣ»;
10. н.и.и., и.в. дотсент Мариншоев М.М. дар мавзӯи «Ташаккули механизми иҷтимоӣ-иқтисодии рушди савдои чакана»
11. н.и.и., муаллими калон Мухторзода С.С. дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди савдои шабакавӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ»
12. Муаллими калон Аҳмедов А.А. дар мавзӯи «Самтҳои ташкилӣ-иқтисодии идоракунии реинжиниринги ҷараёни бизнес дар корхонаҳои савдои чакана»;
13. Муаллими калон Миров Ф.О. дар мавзӯи «Фоиданокии корхонаҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар шароити муносибатҳои бозорӣ (дар мисоли ҶТ)»;
14. Муаллими калон Улфатшоев Ф.С. дар мавзӯи «Савдои хориҷӣ ва стратегияи инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
15. Муаллими калон Валиев Н.Ш. дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди соҳибкории хусусӣ ва хизматрасониҳои хуроки умумӣ»;
16. Муаллими калон Кодиров А.В. дар мавзӯи «Сиёсати нархгузорӣ ва роҳҳои такмили он»
17. Асиистент Амонов С.С.дар мавзӯи «Рушди инноватсионии савдои чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18. Ассистент Абдуллоева Ш.Р. дар мавзӯи « Масъалаҳои рушди хӯроки омма дар шароити бозор»;
19. Ассистент Сангинов Ф.Н. дар мавзӯи «Танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
20. Ассистент Хоҷаев Д.Х. дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Душанбе, 28 Октябр 2019 03:11

Нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Written by

Тавсифи умумӣ ва мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ

Дар соли тақвимии 2019 кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ фаъолияти илмӣ – таҳқиқотии хешро аз рӯи мавзӯи асосӣ, яъне «Стратегияи рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бозори молҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш мебарад.

Таҳқиқоти банақшагирифташуда асосан ду самти асосӣ - бозори истеъмолӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин мавзуъҳои дурнамои таҳқиқотии илмии кафедра инҳоянд:

Самтҳо

Роҳбар

Стратегияи рушди фаъолияти соҳибкорӣ

н.и.и., дотсент Исматуллоев И.У.

Рушди бозори молҳои истеъмолӣ

д.и.и., профессор Ҳабибов С.Ҳ.

Дар ҷараёни таҳқиқот ба масъалаҳои назариявӣ, методологӣ, методӣ ва амалии бозори молҳои истеъмолӣ , баҳо додан ба ҳолати муосири он, муайян кардани тамоюлҳои таѓирёбии нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар дар солҳои соҳибихтиёрии Чумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дода шуда, таҳлили таъсири омилҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида хоҳад шуд.

Дар вобастагӣ ба самти дуюми таҳқиқот масъалаҳои назариявӣ ва амалии фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити гузариш, самтҳои асосии тараққиёти он, омилҳое, ки ба инкишофи ин соҳа таъсироти мусбӣ ва манфӣ мерасонанд ва инчунин масъалаҳои вобаста ба муҳити соҳибкорӣ ва ҳимояи давлатии он мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба ва натиҷагирӣ қарор гирифт.

Душанбе, 14 Апрел 2014 08:26

Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ

Written by

Ҳамчун кафедраи тахассусӣ ва поягӣ, кафедра фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмиро ҳанӯз аз аввали таъсисёбии донишгоҳ оѓоз карда то имрӯз пурсамар идома медиҳад.

Дар тӯли солҳои мавҷудияташ кафедра бо номҳои гуногун «Фанҳои иқтисодӣ ва ҳисобдорӣ» (1987-1991), «Иқтисодиёти бозаргонӣ ва соҳибкорӣ (1992-1993)», «Иқтисодиёти савдо ва хӯроки омма (1994-1995)» ва аз соли 1995 то ҳол «Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ» фаъолият намудааст ва дар заминаи ин кафедра дар донишгоҳ якчанд кафедраҳои нав, ба монанди «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит», «Молия ва қарз», «Иқтисодиёти ҷаҳон» ва «Менеҷмент» таъсис дода шуданд.

Аз соли 1987 то соли 1991 мудирии кафедраро олими соҳибкасб ва омӯзгори шинохта, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сангинов Назрулло ба ӯҳда дошт. Ӯро соли 1991ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва иқтисодӣ пешбарӣ намуданд. Таҳти роҳбарии ӯ як қатор устодони таҷрибадор ба кори омӯзгорӣ барои пеш бурдани ҷараёни таълиму тарбия ҷалб карда шуданд. Хусусан, он солҳо коллективи меҳнатии аҳлу тифоқи кафедра ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, ташкили ҷараёни муназзами таълиму тарбияро аз рӯи фанҳои тахассусии самти «Иқтисодиёт» ба роҳ монданд. Кафедра барои дар сатҳи зарурӣ тайёр кардан ва ҷобаҷогузории мутахассисони ихтисосҳои 0608 - «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хӯроки омма», 0605 – «Ҳисобдории бухгалтерӣ ва аудит» масъулияти баланд ва саҳми бевосита дошт.

Соли 1991 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва итҷтимоии Русия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳабибов С.Ҳ. ҳамчун ҳамкор ва соли 1993 тариқи озмун ба вазифаи мудири кафедра таъин гардиданд.

Бояд қайд кард, ки аз соли 2002 профессор Ҳабибов С.Ҳ. ҳамзамон вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқиро ба ӯҳда доранд. Аз соли 2007 то 2013 ба вазифаи мудири кафеда олими ҷавон, барандаи Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р. таъин гардид ва боиси ифтихор аст, ки ӯ худ хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2013 то ҳоло вазифаи мудири кафедраро н.и.и. дотсент Исматуллоев И.У. ба уҳда дорад.
Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он дар панҷ соли охир як қатор монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд.

Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол панҷ нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд. Аксари олимони кафедра роҳбарии аспирантонро ба ӯҳда доранд. Дар назди кафеда маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Иқтисодшинос» амал мекунад, ки нақши он дар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хеле назаррас аст.

Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарону менеҷерон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.

Якшанбе, 17 Ноябр 2019 13:47

Кафедраи Молия ва қарз

Written by

Кафедраи «Молия ва қарз» соли таҳсили 1993-1994 дар заминаи кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия» таъсис ёфт. Дар тӯли мавҷудияташ кафедра бо номҳои гуногун «Менеҷменти молиявӣ» (1994-1995), «Молия ва омор» (1995-1996), «Молия ва гумрук» (1996-1997) ва аз соли 1997 то ҳол «Молия ва қарз» фаъолият дорад.
Устодони кафедра ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён диққати ҷиддӣ дода, шаклҳои пешқадами таълимро барои аз худ намудани дарсҳои назариявию амалӣ истифода мебаранд.

Устодони кафедра аз фанҳои «Молия», «Молияи корхонаҳо», «Бозори коғазҳои қиматнок», «Сармоягузорӣ», «Маблағгузории хурд», «Низоми буҷетӣ», «Фаъолияти биржавӣ», «Молияи савдо ва хӯроки омма», «Молияи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Хазинадорӣ ва иҷроиши буҷет» ба донишҷӯён таълим медиҳанд.

Доир ба тахассуси 25010400-Молия ва қарз бо зерихтисосҳои «Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна» ва «Бозори коғазҳои қиматнок» дар кафедра мутахассисон ва бакалаврҳои замонавӣ тайёр карда мешаванд.

Кафедраи «Молия ва қарз» бо ташкилоту корхонаҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Тоҷикистон, Амонатбонк, Тоҷиксодиротбонк ҳамкорӣ дорад.

Кафедраро дар давраи фаъолияташ н.и.и., шодравон дотсент Туробов М.Ш. (1994-1995), н.и.и., дотсент Маъдиев С. А. (1995-1996), д.и.и., профессор Раҷабов Р.К. (1996-1997), н.и.и., шодравон дотсент Акобиров Ҳ.Н. (1997-2013) сарварӣ намуданд. Аз соли 2013 вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Ҷураев Ш.Ҷ. ба ӯҳда дорад. Устодони кафедраи «Молия ва қарз» аз рӯи мавзӯи «Ҷабҳаҳои ташкилию иқтисодии рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» тадқиқоти илмӣ мебаранд.

Тадқиқотҳои устодони кафедра бо мавзӯи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ «Нақши кооператсияи матлубот дар ташаккулёбии иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2016-2020 алоқаманд мебошад. Инчунин, устодони кафедраи «Молия ва қарз» доир ба зермавзӯъҳои «Масъалаҳои ташкили суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (профессор Ҷабборов А.), «Ташкил ва амалкунии бозори истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дотсент Ҷураев Ш.Ҷ.), «Механизми ташкилӣ - иқтисодии рушди инноватсионии соҳаи хизматрасонӣ» (н.и.и., муаллими калон Дустматов Б.М.), «Ҳолати муосир ва рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Раҳматова К.Н.), «Ташкили иқтисодии ҷиҳати рушди иҷораи молиявӣ дар соҳибкорӣ» (муаллими калон Раҳмонов Л.С.), «Мукаммалгардонии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муалл.калон Қурбонов А.А.), «Хусусиятҳои хоси низоми пардохти музди меҳнат дар соҳаи тандурустӣ» (муаллими калон Абдуллоев А.Б.), «Рушди бозори хизматрасониҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Раҷабова Ш.М.), «Баланд бардштани самаранок истифодабарии иқтидори захиравӣ дар ташкилотҳои кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Алимов К.К.), «Масъалаҳои ҷорӣ намудани фишангҳои молиявии исломӣ дар сектори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Раҳматов С.М.), «Таъминоти сармоягузории соҳаи хизматрасонӣ» (муаллими калон Холаҳмади С.), «Ташаккулёбии дурнамои таъминоти сармоягузории рушди шарикии давлат ба бахши хусусӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ассистент Наботова П.Ҷ.), «Истифодаи таҷрибаи хориҷӣ дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ояндабинии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ассистент Рафиев Ш.Б.), «Рушди низоми молиякунонии соҳаи хизматрасониҳои санитарию-солимгардонӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (ассистент Олифтаева М.А.), «Рушди низоми андоз ва муносибатҳои андозбандӣ дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ассистент Ашурова М.Т.), корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба анҷом расонида истодаанд.

Дар кафедра 23%-и устодон дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисод мебошанд.

Дар назди кафедра маҳфили «Молия», «Бозори коғазҳои қиматнок» фаъолият менамояд ва роҳбарии онро устодони кафедра дотсент Ҷураев Ш.Ҷ., муаллимони калон Алимов К.К., Раҳматова К.Н. ба ӯҳда доранд. Дар кори маҳфилҳо донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои гуногун тадқиқот мебаранд.

Инчунин, дар кафедраи «Молия ва қарз» кори илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ба таври инфиродӣ таҳти роҳбарии устодон ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён тадқиқотҳои худро ҷамъбаст намуда ба намуди мақолаҳои илмӣ бо ҳаммуаллифии устодонашон чоп менамоянд ва дар конференсияҳои илмию назариявӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Ҷаласаи кафедраи «Молия ва қарз»

Устодони кафедраи «Молия ва қарз» дар яке аз манзараҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Страница 10 из 10

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top