Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (512)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.

Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 19:38

Терроризм на службе геополитики

Written by

  В последние годы Центральная Азия становится всё более значимым фактором геополитического противоборства мировых держав.

Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 19:37

Таассуби мазҳабӣ аждаҳопешагист

Written by

 

         Дар сомонаи ифротии наҳзатиҳо, ки одатан музахрафоти муассисаш

Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 19:36

Асҳоби каҳф ва паймони Ѓарибон

Written by

 Наќди Бобоҷони Ќайюм ва истеҳ зои он аз назари инҷониб тамсили ќиссаи асҳ оби Каҳ фро мемонад,

Расонаҳ ои наҳ затӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳ аммаслакони ҷинояткорашон,

Дар сомонаи балегӯйи ҳалқаҳои ифротии «isloh.net», маводи мамлу аз ғайбат ва таҳқир бо номи «Ҳукумат - аждаҳои миллат» ба чоп расид. Дар саргаҳи ин дарёи ғайбат шахси инфъиолӣ, фирорӣ, даҳшатафкан, пуррӯ, орӣ аз нангу номус ва сустак Муҳаммадиқболи Садриддин меистад, ки аз ҳисоби сармояи ҳангуфти душманони миллат қути лоямут ёфта, ба ҳаромхӯрӣ машғул аст. Зи нопокон мадоред умед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед, басо ҳадафманд гуфтааст. Ин гуфта ба М.Садриддин рост меояд. Писаир аршади яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ умри бешуури худро сарфи миллаткушӣ ва маҳалгароӣ кард.М.Садриддин, душмани шуурии ин миллат аст. Чанд далле аст, ки М.Садриддинро аз шерозаи ин миллат дур нигоҳ медорад:

 

  1. 1)Мансубият ба доираҳои тундгаро, ифротӣ ва зиддимилӣ дар хориҷи кишвар.
  2. 2)Шарикӣ дар нақшаҳои зиддитоҷикӣ дар қаламрави кишварҳои сеюм. Агар дар солҳои 90-ум ин гуна кишвар Афғонистон буд, ҳоло бинобар тамоюли пулдӯстии ин авлод, кишварҳои атрофи Халиҷи Форс мебошанд.    
  3. 3)Мафтуншавии Муҳаммадиқболи Садриддин ва атрофиёнаш аз мафкураи ихвонӣ, яъне ҳамон мафкурае, ки ДОИШ ва «ал-Қоида»-ро ба вуҷуд овард ва Сурияву Ироқро ба хок яксон кард.
  4. 4) Мансубияти Муҳаммадиқболи Садриддин ба ин хоку бум боз аз он лиҳоз, машкук ва хатарофар аст, ки ӯ чун абзори дасти хоҷагони хориҷӣ, нашри маводи ғаразноки зиддимиллиро ба забони хориҷӣ ба роҳ мондааст ва чун пойгоҳи зиддииттилоотии рақибони минтақавӣ ба муқобили дастовардҳои ҷумҳурӣ мубориза мебарад.  
  5. 5)Зикри ашхоси баландрутба ва баобрӯ дар ғайбатномаҳояш, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад ва шахси оянданигар чунин бояд намекард. Бо ду дасти адаб, Муҳаммадиқболи Садриддин, худро ба вартаи ҳалокат мебарад, ҳам марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ.
  6. 6)Кӯдаки ҳушёр пистони ду моморо мемакад. Муҳаммадиқболи Садриддин ин ҳолатро амалӣ мекунад. Вале ӯ фаромӯш кардааст, «Панири ройгон танҳо дар мушқаппак аст», ба ҳар ҳарфу сухан ҷавоб бояд дод.  

 

   Чи тавре ки таҳқиқгар Комилов Ф. дар мақолаи «Муҳаммадиқболи Садриддин – балвогари ашаддӣ ва забони гӯёи ҷинояткорон» аст, менигорад: «Ягона фарде ки аз сар задани ҳар нуқсу айб дар Точикистон табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст». Таҳлили фаъолияти се соли охири ин оппозитсионери бахтбаргашта ва ачдодаш дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.  

Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, дар асл чокар ва навкари хадамоти амниятии яке аз кишварҳои сеюм мебошад ва зимни ироаи гузоришҳо росту дурӯғро ҷамъ оварда, сари ашхоси баобрӯ мерезад. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳушдори №1 ба ту. Ёвасароӣ ҳад дорад. Умри ҳарфҳои ботилат кӯтоҳ аст. Ба мисли умри козибат.            

 

Ба орзуи муолиҷаи дарди бедаъвои ғайбатсарой Муҳаммадиқболи Садриддин.

 

Каримов Ф. сокини ш.Бохтар, муаллим

Расонаҳои иттилоотӣ ба муқобили давлату миллати тоҷик фаъолияти тахрибкорона ва иғвогаронаро пеш гирифта, маҳз ин амали нангин зери роҳбарии аҷнабиён ва худи тоҷиконе ки дар хориҷ аз кишвар кору иқомат доранд, сурат мегирад. Сомонаҳои ба ном тоҷикии дар хориҷ фаъолияткунанда ба таҳрифи ҳаводиси кишвар даст мезананд. Воқеаҳои дохили Тоҷикистонро вобаста ба хоҳишу дархости роҳбарияти марказии воситаҳои иттиллотӣ, ки дар хориҷ маблағгузорӣ карда мешавад, шарҳу тасвир мекунанд ва дар он маводи зидду нақиз интишор меёбад.

Дар зиндонҳо ошӯб бардоштани зиндониён амали нав набуда, ҳамеша эҳтимоли сар задани онҳо вуҷуд дорад. Аз ин амалҳо ҳангомаю валвала ва овозаю дарвоза сохтан дар доираи одобу ахлоқи инсони солимфикр намеѓунҷад. Зеро барои ҳар як инсони соҳибандеша ва солимфикр маълум аст, ки агар ин қабил одамон ба роҳи рост рафта, зиндагӣ ва кору фаъолияти хешро аз рӯйи рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ ба роҳ мемонданд, ҳеҷ гоҳ аз озодӣ маҳрум намегардиданд ва ба зиндон кашида намешуданд.

Ягона фарде ки аз сар задани ошӯби зиндониёни маҳбаси №3/3-и шаҳри Хоруғ табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст.
Таҳлили фаъолияти се соли охир ин оппозитсионери бахтбаргашта, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.

Ҳалқаҳои зиддимиллӣ дар хориҷа тавони дидани комёбиҳои Ватанро надоранд. Хаффошони хориҷӣ дар мисоли як муноқишаи маишӣ дар ш.Хоруғ, ба шахсияти генерали ҷангӣ ва марди асил Хуршед Маҳмадзода дарафтидаанд. Дар ин ҳамлаҳои нораво ва душманонаи таблиғотӣ сомонаи ифротгароёни фирорӣ «Паём.нет», ки мансуби ҳизби террористии «ҲНИ» мебошад пешдастӣ дорад.

Сайидюнуси наҳзатӣ, ки дар зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурдааст, аз ҳар имконияту фурсате истифода мекунад, то амали душманонае бар зидди Тоҷикистон анҷом диҳад, аз ҷумла вақтҳои охир мавзўи Бадахшонро бештар мавриди ҳадафи нопоки худ қарор медиҳад. Ин дафъа ҳам фурсатро аз даст надода, дар сомонаи ифротиаш мақолае зери унвони «Волоияти қонун, ҳарфи ҳаққест, аммо…»-ро ба нашр расондааст, ки ба масъалаи ВМКБ дахл дорад.

Страница 23 из 37

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top