Дар идомаи сафари намояндагони донишгоҳ санаи 26-уми феврал гурӯҳи донишҷӯён ва омузгоронро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ давлатии Самарқанд Аҳадов Алишер Рустамович қабул намуданд. Зимни вохури муовини ректор оид ба самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ суханронӣ намуда, инчунин бо нақшаи машғулиятҳо ва барномаи табодули академӣ ва такмили донишҳои илмӣ суҳбат намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки барномаҳои табодули академӣ имкон медиҳанд, ки донишҷӯён таҷрибаи таълимии худро васеъ намуда, бо муҳити нави таҳсилотӣ ва илмӣ шинос шаванд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди таълим, дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ иштирок намуда, бо ҳамсолони худ таҷрибаи мубодила намоянд. Сафар ва таҷрибаи андӯхтаи донишҷӯён метавонад заминаи хубе барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар байни донишгоҳҳои шарик гардад.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академ