ДАРСҲОИ ОНЛАЙНӢ БАЙНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОДИИ БЕЛАРУС

Бинанда: 253 | Санаи нашр: 06 Март 2025

27 феврал ва 6 марти соли 2025 дар чаҳорчӯби амалишавии нақшаи кории Ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзӣ, ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта барои соли 2025, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус дарсҳои онлайнӣ баргузор карданд.

Дар вақти баргузории дарсҳо барои донишҷӯён ва омӯзгорони ҳар ду донишгоҳ, вазъи ҷорӣ дар бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ карда шуд. ????

Аз ҷумлаи омӯзгорон — Татьяна Анатольевна Верезубова, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус, аъзои шӯрои мусоидати байналмилалии коршиносон ва машваратии Фонди ташкилотҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод мавзӯи «Бозори суғурта дар Ҷумҳурии Беларус ва тамоюлҳои рушди он»-ро пешкаш намуд.  Ҳамчунин, Нигора Шоназар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бо мавзӯи «Системаи суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон: шикастҳо ва тавсияҳо» баромад кард.

Дарсҳо аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон бо шавқ  пазируфта шуданд ва онҳо умедворӣ карданд, ки дар оянда вохӯриҳо бо коршиносони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мунтазам баргузор шаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top