Дар анҷоми сафари намояндагони донишгоҳ санаи 4-уми март гурӯҳи донишҷӯён ва омузгоронро директори институти Идоракунии захираҳои инсонӣ ва рушди маҳали Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Ҷуракулов Шоҳрух Давронович қабул намуданд. Зимни вохурӣ директори институти мазкур оид ба самтҳои асосии фаъолияти институт суханронӣ намуда, инчунин оид ба ҷамъбасти машғулиятҳо ва барномаи табодули академии донишҷӯёни донишгоҳ суҳбат намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки дар давраи табодули академӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар раванди таълим, дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ иштироки фаъолона намуда, бо ҳамсолони худ мубодила таҷрибаи намуданд. Сафар ва таҷрибаи андӯхтаи донишҷӯён метавонад заминаи хубе барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар байни донишгоҳҳои шарик гардад.
Дар фарҷом ба омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ сертификат ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули академӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ