Аз 11 то 14 марти соли 2025 дар заминаи Донишгоҳи Неаполи Федерико II (Università degli Studi di Napoli Federico II) аввалин семинар аз силсилаи семинарҳо дар мавзӯи «Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисоди даврӣ» барои ҳайати устодони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Ҳисориева Г.Т., профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Ҳ. ва унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Т. иштирок карданд. Маводҳо ва донишҳои нав оид ба рушди устувор ва нишондиҳандаҳои рақобатпазирии шаҳрҳо ва минтақаҳо барои таҳия ва навсозии барномаҳои таълимии иқтисоди даврӣ ва иқтисодиет ва идоракунии корхонаҳо истифода хоҳанд шуд.
Семинарҳои навбатӣ дар Донишгоҳи Биелефилд, Олмон (аз 17 то 20 март, 2025) ва дар Донишгоҳи Сантьяго де Компостела, Испания (аз 24 то 27 март, 2025) баргузор мегарданд, ки дар он устодони донишгоҳ бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Х.Х. иштирок менамоянд.