Дар доираи лоиҳаи GIZ — Таълими касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Миёна, “Пешбурди инноватсия тавассути тадқиқоти донишгоҳӣ: Ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Қазоқистон”, намояндагони шарики лоиҳа аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Даулет Серикбоев — Самамбаева Айжан ва Осипова Виктория ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни сафари худ ба донишгоҳ, меҳмонон бо ректори донишгоҳ, профессор Хайрулло Назарзода ва гурӯҳи кории лоиҳа вохӯрӣ анҷом дода, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаи мазкур, инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар санаҳои 7–9 апрел баргузории силсиласеминарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони ширкатҳои хусусӣ дар назар дошта шудааст.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ