Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2023 ба ҳайси шарик дар лоиҳаи байналмилалии MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia – Тадбирҳои ҳамаҷониба барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Осиёи Марказӣ) фаъолият менамояд. Лоиҳаи мазкур таҳти ҳамоҳангсозии Донишгоҳи Лунди Шветсия амалӣ гардида, як барномаи таҳқиқотӣ ва табодули академӣ миёни донишгоҳҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказиро ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии он мусоидат ба талошҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур чаҳорсола буда, бо маблағгузории барномаи “Horizon MSCA”–и Комиссияи Аврупо роҳандозӣ шудааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳа, рӯзи 7 апрели соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизбони ташрифи профессорон Оле Ҳаммерслев ва Рустам Уринбоев – ҳамоҳангсозони лоиҳа аз Донишгоҳи Лунд гардид. Дар рафти мулоқот бо ректори донишгоҳ, профессор Хайрулло Назарзода ва гурӯҳи кории лоиҳа, ҷонибҳо доир ба раванди иҷрои лоиҳа, дурнамои ҳамкориҳо ва густариши фаъолияти илмӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамзамон, аз ҷониби ҳамоҳангсози лоиҳа ба ректори донишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи нави таҳқиқотӣ “SOCIAL” барои солҳои 2026 - 2029, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ дар он ба ҳайси шарик иштирок менамояд, аз ҷониби Комиссияи Аврупо дар доираи барномаи “Horizon MSCA” тасдиқ гардидааст. Ин вохӯрӣ ҳамчун қадами муҳими устувор дар самти татбиқи лоиҳаи нав арзёбӣ мегардад. Дар чорчӯби ташрифи меҳмонон баргузории вохуриҳо ва дарсҳои намунавӣ барои донишҷӯёну омузгорон ба назар гирифта шудааст.
Илова бар ин, дар ҷараёни мулоқот имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, табодули омӯзгорон ва густариши фаъолиятҳои илмӣ-таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ