Оғози тренинги байналмилалии илмию амалӣ

Бинанда: 254 | Санаи нашр: 07 Апрел 2025

Рӯзи 7-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ҳамшарикии байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев тренинги байналмилалии илмию амалӣ “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ: Ташаббуси муштарак байни Тоҷикистон ва Қазоқистон” бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон кори худро оғоз намуд, ки он се рӯз идома хоҳад ёфт.

         Тренингро коршиносони варзида дар соҳаи пешниҳоди хизматрасониҳои таҳқиқотӣ ба бахши хусусӣ аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ Айжан Самамбаева ва Виктория Осипова мегузаронанд.       Нахуст, кори тренингро муовини ректори ДДТТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, ба кори чорабинӣ муваффақият хост.

         Сипас, профессор Заррина Қодирова - мушовири лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) амалӣ карда мешавад, сухани шодбошӣ гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки ин тренинг имконияти муносиб барои барқарор намудани муколама дар байни донишгоҳҳо ва бахши соҳибкорӣ, муҳокимаи монеаҳои мавҷуда ва дарёфти роҳҳои самараноки истифодаи иқтидори илмӣ барои рушди иқтисодиёт мебошад.

         Дар рӯзи аввали тренинг коршиносон Айжан Самамбаева ва Виктория Осипова тибқи барномаи тренинг мастер – класс гузаронида, оид ба масъалаҳои зерин суханронӣ намуданд:

  • таҳлили мушкилот ва имкониятҳои таҳқиқотҳои донишгоҳӣ;
  • ҷустуҷӯи муштараки қарорҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин дар самти таҳқиқотҳои донишгоҳӣ;
  • тренингҳои академӣ;
  • муносибат ва методологияҳои назариявӣ;
  • татбиқи амалӣ ва ҳалли кейсҳо.

         Дар фарҷоми тренинг саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо байни иштирокчиён ва коршиносон сурат гирифт.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, 

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top