Рӯзи 8-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ҳамшарикии байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев тренинги байналмилалии илмию амалӣ “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ: ташаббуси муштарак байни Тоҷикистон ва Қазоқистон” бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон кори худро идома дод.
Дар рӯзи дуюми тренинг коршиносон Айжан Самамбаева ва Виктория Осипова тибқи барномаи тренинг мастер – класс гузаронида, оид ба масъалаҳои зерин суханронӣ намуданд:
- усулҳои муосири таҳлили мушкилот ва имкониятҳои таҳқиқотҳои донишгоҳӣ;
- таҷрибаҳои пешқадам дар самти таҳқиқотҳои донишгоҳӣ;
- тренингҳои академӣ;
- методологияҳои назариявӣ;
- татбиқи амалӣ ва ҳалли кейсҳо.
Дар фарҷоми тренинг саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо байни иштирокчиён ва коршиносон сурат гирифт.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ