Санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia – Тадбирҳои ҳамаҷониба барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Осиёи Марказӣ), дар факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ профессорон Оле Ҳаммерслев ва Рустам Урунбоев, намояндагони кафедраи ҷомеашиносии ҳуқуқи Донишгоҳи Лунди Шветсия, иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Коррупсия: истилоҳот, мафҳум ва намудҳо» ва «Мушкилот дар расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба шахсони маҳдудшуда» барои донишҷӯён дарси намунавӣ баргузор карданд.
Дар семинари мазкур, ки бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ баргузор шуд, масъалаҳои муҳими марбут ба таърихи пайдоиш ва шаклҳои гуногуни коррупсия, роҳу усулҳои муассири мубориза бо он, инчунин механизмҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба ашхоси осебпазир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мавзӯъҳо бо таваҷҷуҳи зиёд аз ҷониби иштирокчиён пайгирӣ гардиданд. Донишҷӯёну омӯзгорон саволҳои зиёдеро вобаста ба таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо коррупсия ва тарзи амалии расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони ниёзманд матраҳ карданд.
Ин семинари омӯзишӣ қадами муҳиме дар роҳи таҳкими ҳамкорӣ миёни ДДТТ ва Донишгоҳи Лунд ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон дар мубориза бо коррупсия заминаи мусоид фароҳам овард.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ