ҶАМЪБАСТИ ТРЕНИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 402 | Санаи нашр: 10 Апрел 2025

Тренинги байналмилалии илмию амалие, ки дар доираи лоиҳаи ҳамшарикии байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев таҳти унвони “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ: Ташаббуси муштарак байни Тоҷикистон ва Қазоқистон”, ки се рӯз боз идома дошт, 9-уми апрели соли 2025 бо иштироки намояндагони ширкатҳои соҳибкории соҳаи саноати хӯрокворӣ ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар рӯзи хотимавии тренинг коршиносон Айжан Самамбаева ва Виктория Осипова тибқи барномаи тренинг бо намояндагони ширкатҳои саноати хӯрокворӣ мастер – класс гузаронида, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуданд.

Тарафҳо қайд намуданд, ки чунин тренингҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишу салоҳиятнокӣ, барқарор намудани робитаи таҳсилоти олӣ ва истеҳсолот, қавӣ гардонидани ҳамкориҳои МТОК бо сохторҳои соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Инчунин, гуфта шуд, ки шарикии таҳсилоти олӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ барои омодакунии мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, такмили барномаҳои таълимӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои таҳқиқотӣ, татбиқи инноватсия ва коркардҳои илмӣ дар истеҳсолот самараи хуб медиҳад.

Дар хотимаи тренинг саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо байни иштирокчиён, намояндагони ширкатҳои соҳибкорӣ ва коршиносон сурат гирифт.

Дар ҷамъбаст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи раёсати донишгоҳ ба коршиносони хориҷӣ, намояндагони ширкатҳои соҳибкорӣ ва иштирокчиёни тренинги байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, 

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top