ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ ЭРАСМУС+

Бинанда: 405 | Санаи нашр: 12 Апрел 2025

Дар доираи татбиқи лоиҳаи Эрасмус+ КА171 — барномаи мубодилаи академӣ барои омӯзгорон миёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кастамонуи Ҷумҳурии Туркия, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сафари кории профессор Эрай Актепе амалӣ гардид.

Ҳадафи асосии ин ташриф тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи таълимӣ ва омӯзишии мутақобила, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва густариши имкониятҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Дар доираи сафари мазкур профессор Эрай Актепе барои донишҷӯён аз бахшҳои иқтисодиёт, муносибатҳои байналмилалӣ ва молия машғулиятҳои таълимӣ баргузор намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ маводҳои ҷолибу муфид пешниҳод намуд.

Ин дарсҳо на танҳо ба васеъ гардидани донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат намуданд, балки муҳити фаъоли омӯзиширо фароҳам оварда, шароити муносиб барои мубодилаи афкору таҷрибаи касбӣ миёни устодон ва донишҷӯён аз ҳар ду кишвар ба вуҷуд оварданд.

Ташрифи профессор Эрай Актепе ҳамчун як иқдоми муҳиму пурарзиш дар самти таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди равобити илмӣ-академӣ арзёбӣ гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии лоиҳаи Эрасмус+ нақши назаррас мебозад.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top