Аз санаи 5 то 9 майи соли 2025 дар Донишгоҳи Виго (UVigo, Spain), Шоҳигарии Испания ҳафтаи байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ КА171, UVigo 2025 баргузор гардид, ки як чорабиниҳои муҳими ҳамкории байналмилалии илмӣ-академӣ дониста шуд. Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 25 кишвар, аз ҷумла Испания, Австрия, Ҷумҳурии Чехия, Финландия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эквадор, Португалия, Лаҳистон, Озарбойҷон, Фаронса, Босния ва Ҳерсеговина, Литва, Олмон, Украина, Словения, Белгия ва Мексика иштирок намуданд. Чунин ҳайати зиёди кишварҳо бозгӯи раванди ташаббус ва мусоидат ба мубодилаи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин ҳамоиш ба масъалаҳои байналмилалигардонии таҳсилот, баробарии гендерӣ, дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва навоварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич — муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуд. Иштироки ӯ дар ин ҳамоиш замина барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии академӣ ва ташкили шарикони нави илмиву таълимӣ бо донишгоҳҳои аврупоӣ гузошт, ки дар рушди робитаҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Аврупо нақши назаррас бозид.
Барномаи ҳафта UVigo 2025 иборат буд аз:
- Муаррифии Донишгоҳи UVigo;
- Боздид аз раванди таълимӣ дар биноҳои таълимии Донишгоҳи Виго, Понтеведра ва Оренсе;
- Мизи мудаввар дар мавзуъи «Таҳсилоти табдилдиҳанда: баробарии гендерӣ ва тағйироти институтсионалӣ»;
- Шиносои аз маркази таҳқиқотии CINBIO, пойгоҳи баҳрии ECIMAT ва Campus da Auga;
- Барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳайати донишгоҳҳои ҳамкор.
Ҳафтаи байналмилалии UVigo 2025 ба унвони як платформаи муҳими шарикӣ, мубодилаи таҷрибаҳои пешрафта ва таҳкими муколамаи байналмилалӣ дар соҳаҳои илм ва маориф саҳмгузор гардид.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ