Санаи 15 майи соли 2025 дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонги Корея профессорон Кисеок Ким ва Кеумёнг Сунг ба донишгоҳ ташриф оварда, бо донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон мулоқот ва силсила лексияҳои илмӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни ин сафар лексияҳо ва чорабиниҳои таълимӣ дар мавзуъҳои зерин амалӣ карда шуданд:
“Ҳукумати электронӣ” – баррасии нақши ҳукумати электронӣ дар баланд бардоштани шаффофият, самаранокӣ ва суръати расонидани хизматрасониҳои давлатӣ;
“Сохтори стандартии Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Корея” – шиносоии иштирокчиён бо таҷрибаи муваффақи Кореяи Ҷанубӣ дар самти ташаккули меъёрҳо ва механизмҳои рақамии идоракунӣ;
“Стратегияи рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – пешниҳод ва муҳокимаи моделҳои таҳкими захираҳои инсонии ватанӣ бо такя ба таҷрибаи байналмилалӣ.
Дар ҷараёни лексияҳо ва мулоқотҳо табодули афкор ва баҳсҳои илмӣ байни донишҷӯён ва омӯзгорон сурат гирифт, ки шароити муҳими муҳокимаи амиқ ва фарогирии паҳлуҳои гуногуни мавзуъҳоро фароҳам овард. Ин раванд ба тавсеаи ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва таҳкими равобити мутақобилаи омӯзгорон ва муҳаққиқон мусоидат намуд.
Лозим ба зикр аст, ки ташрифи намояндагони Донишгоҳи глобалии Ҳандонг дар доираи лоиҳаҳои ЮНЕСКО, ки донишгоҳи мазкур узви фаъол ва ҳамкорони он мебошад, амалӣ гардидааст.
Дар доираи ҳамкорӣ баргузории як қатор лексияҳои онлайнӣ ва ҳузурӣ, инчунин табодули академии омӯзгорону донишҷӯён дар соли таҳсили 2025–2026 дар назар дошта шудааст.
Мақсад аз ин ташаббусҳо — таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, воридсозии таҷриба ва донишҳои муосири ҷаҳонӣ ба муҳити таълимии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнати ҷаҳонӣ мебошад.