Erasmus+ E4TLI: қадам ба сӯи фардои рақамӣ

Бинанда: 94 | Санаи нашр: 18 Июн 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ, дар доираи барномаи Erasmus+ ҳамкориҳои судмандро бо як қатор Муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст. Аз соли  2023 то 2025 донишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Education for Technological Literacy and Inclusion (E4TLI) -Таҳсилотӣ олӣ барои баланд бардоштани саводнокии технологӣ ва фарогирӣ  - Education for Technological Literacy and Inclusion ” ширкат меварзад, ки онро Донишгоҳи Кишварҳои Баско (UPV/EHU, Испания) ҳамоҳангӣ мекунад. Ҳамчунин ба консорсиум лоиҳа Донишкадаи политехникии Порто (Португалия), Мактаби меъмории Донишгоҳи Наварра (Испания) ва Академияи мусиқӣ ва театри Эстония шомиланд. Ҳадафи асосӣ лоиҳа — баланд бардоштани саводнокии технологии омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи тавсияҳо барои татбиқи амалии донишҳо ва тарғиби технологияҳои 4.0 (Technologies 4.0) дар байни МТОК-и ғайри технологӣ (non-tech) мебошад.

Барои иҷрои ин ҳадаф силсилаи семинару тренингҳо вобаста ба "Data Mining, Augmented Reality, Virtual Reality, Streaming, Blockchain, Cybersecurity, Coding ва Software Programming" аз ҷониби донишгоҳ ва донишгоҳҳои шарикии лоиҳа гузаронида  шудаанд. Аз ҷумла, моҳи сентябр – октябри соли 2024 татқиқотчиёни ДДТТ семинари маҷозии “Блокчейн”‑ро барои омӯзгорону донишҷӯёни шарики лоиҳа баргузор намуданд.

Аз 5 то 16 июни  соли 2025 дар Донишгоҳи Кишварҳои Баско силсила семинарҳо аз ҷониби донишгоҳҳои консорсиуми лоиҳа баргузор гардид. Дар он масъалаҳои татбиқи  лоиҳа, паҳнсозии натиҷаҳо тавассути сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин нақшаи фаъолияти се солаи татбиқи он баррасӣ гардид. Дар вохурии мазкур профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Заррина Қодирова ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Нурмуҳаммади Абдуллозода иштирок намуданд.  Онҳо оид ба дастовардҳои лоиҳа то имрӯз ва омодагии гурӯҳи татқиқотчиён барои таҳияи маводи лексионӣ ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои “Блокчейн” ва “Киберамният” маърӯза намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа, даҳҳо донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ дар семинарҳои маҷозӣ иштирок намуда, донишҳои технологии худро такмил додаанд.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top