ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ GIZ ВА HORIZON EUROPE

Бинанда: 90 | Санаи нашр: 21 Июн 2025

Аз 15-ум то 20-уми июни соли 2025 ҳайати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоировна, сардори раёсати таълим Маҳмадуллоев Зафар ва сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Ҳамитов Муҳитдин Сайдалиевич дар семинари ҷамъбастии лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар Донишгоҳи техникии Қазоқистони шарқӣ ба номи Д. Серикбоев, воқеъ дар шаҳри Уст-Каменогорск баргузор гардид.

Мақсади асосии семинар — муаррифии имкониятҳои барномаи Horizon Europe ва дигар лоиҳаҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон ва Тоҷикистон буд. Ҳайати ДДТТ дар ҳамаи рӯзҳои кори семинар ширкат намуда, бо масъалаҳои зерин шинос гардид:

- Рӯзи аввал (16 июн): Муаррифии умумии барномаи Horizon Europe ва механизмҳои дастгирии иштирокчиён, инчунин тавзеҳи роҳҳои иштироки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии минтақа дар барномаҳои аврупоӣ.

- Рӯзи дуюм (17 июн): Бахшида ба соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, кластери “Тандурустӣ” дар Horizon Europe, маводҳои нав барои соҳаи тиб, таҳқиқот вобаста ба бемориҳои ғайриинфексионӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббии Аврупо.

- Рӯзи сеюм (18 июн): Саноат ва шарикии стратегӣ – захираҳои нодири замин, Қазоқистон ҳамчун шарики стратегии Иттиҳоди Аврупо, рушди консорсиумҳои илмию саноатӣ.

- Рӯзи чорум (19 июн): Омӯзиши амалии тарзи омодасозии таҳияи лоиҳаҳои Horizon Europe, аз ҷумла сохтори лоиҳа, буҷетсозӣ, меъёрҳои арзёбӣ ва таҳлили кейсҳои муваффақи лоиҳаҳои қаблӣ.

- Рӯзи панҷум (20 июн): Дар доираи барномаи илмӣ, мулоқоти ҳайати ДДТТ бо профессор Амир Картон (Amir Karton) — олими варзидаи соҳаи кимиё, профессори Донишгоҳи Нью-Ингленди (University of New England), Австралия баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот дурнамои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, эҷоди пойгоҳи додаҳо барои зеҳни сунъӣ, таҳқиқоти байнисоҳавӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар илмҳои иқтисод ва муҳандисӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо имкониятҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби Horizon Europe, Australian Research Council ва Erasmus+ Capacity Building-ро муҳокима намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли таҳсили 2025–2026 табодули академии донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгоронро ба роҳ монанд.

Профессор Амир Картон омодагии худро барои ибтикори таҳия ва имзои созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳ таъйид карда, ҳамчунин барои баргузории як семинари муштараки илмӣ ва ҳамгироии ДДТТ ба шабакаи байналмилалии озмоишгоҳҳои тадқиқотӣ дар кимиёи квантӣ ва маводшиносӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Инчунин, ҳайати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз технопарки назди Донишгоҳи техникии Қазоқистони шарқӣ ба номи Д. Серикбоев боздид ба амал овард. Дар рафти боздид, ҳайат бо инфрасохтори технопарк, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, марказҳои таҳия ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, марказҳои дастгирии инноватсионӣ ва стартапҳои донишҷӯён шинос гардиданд.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти технопарк ва масъулини донишгоҳ, масоили муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди иқтидори инноватсионӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муштарак, ҷалби донишҷӯён ба лоиҳаҳои амалӣ ва рушди қобилиятҳои тадқиқотӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо тавассути ташкили форумҳо, мубодилаи таҷриба ва дар оянда роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаҳои байналхалқии илм ва маориф изҳор намуданд.

Ҳайати ДДТТ бо таҷрибаи арзишманд ва донишҳои муосир оид ба таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ, ки татбиқи фаъолонаи онҳо дар сиёсати байнулмилалӣ, фаъолияти грантӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, баргашт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top