Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) дар солҳои 2023–2025 дар чаҳорчӯби лоиҳаи байналмилалии «Education for Technological Literacy and Inclusion» (E4TLI) — «Таҳсилоти олӣ барои баланд бардоштани саводнокии технологӣ ва фарогирӣ» фаъолона иштирок дорад. Ба консорсиуми ин лоиҳа Донишгоҳи Кишварҳои Баско (UPV/EHU, Испания), Донишкадаи политехникии Порто (Португалия), Мактаби меъмории Донишгоҳи Наварра (Испания) ва Академияи мусиқӣ ва театри Эстония ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "MBM- Шарикон оид ба банақшагирӣ ва рушди устувор, Ҳиндустон (MBM Associates Planning and Sustaining Pvt. Ltd, India)"шомил мебошанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳа, дар якҷогӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "MBM-Шарикон оид ба банақшагирӣ ва рушди устувор, Ҳиндустон” аз 16 то 21 июни соли 2025 дар шаҳри Негомбо (Шри-Ланка) бо ташаббуси шарикони байналмилалӣ силсилаи семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо самтҳои асосии татбиқи лоиҳа, натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои рушди минбаъдаи он ва дигар лоиҳаҳои навбати мавриди муҳокима ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар ин силсила семинарҳо Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Бахтиёр Абдуллоев ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Нурмуҳаммади Абдуллозода намояндагӣ карданд. Онҳо дар муҳокимаву баромадҳо доир ба саҳми донишгоҳ дар татбиқи лоиҳа, дастовардҳои то имрӯз ҳосилшуда ва омодагии гурӯҳи таҳқиқотчиён барои таҳияи маводи лексионӣ, силлабус ва мақолаҳои илмӣ дар мавзӯъҳои «Блокчейн» ва «Киберамният» маълумот пешниҳод намуданд.
Зимни ҷараёни семинарҳо, мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва нақшаҳои муштарак бо шарикони лоиҳа мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Иштирокчиён бо роҳҳои беҳсозии саводнокии рақамӣ, истифодаи технологияҳои нав дар таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии донишҷӯён ошноӣ пайдо намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар раванди татбиқи лоиҳа, даҳҳо донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ дар семинару вебинарҳои маҷозӣ иштирок намуда, дониш ва малакаҳои технологӣ ва рақамии худро такмил доданд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди неруи инсонӣ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ