АНҶОМИ ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ PECA: ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ ДАР РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бинанда: 25 | Санаи нашр: 28 Июн 2025

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинии ҷамъбастии лоиҳаи минтақавии «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (PECA), ки бо дастгирии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ мегардад, бомуваффақият баргузор гардид. Анҷумани ниҳоӣ 23-24 июни соли 2025 дар меҳмонхонаи «Орион» ва дар маконҳои муассисаҳои таълимии шарики Қирғизистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони байналмилалӣ аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Дар ин форум намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоировна ва профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова Зарина Ҳалимовна иштирок намуданд.

Барномаи форум аз шарҳи дастовардҳои лоиҳаи PECA, муҳокимаи дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин презентатсияҳо ва мастер - классҳо оид ба рушди омӯзиши ба амалия нигаронидашуда, бахусус дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва логистика иборат буд.

Диққати махсус ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии лоиҳа, инчунин ҷорӣ намудани қарорҳои инноватсионӣ дар раванди таълим дода шуд. Зимни ҳамоиш ба шарикон ва иштирокчиён барои саҳмашон дар татбиқи ҳадафҳои лоиҳа сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин экскурсияҳо ва мастер - классҳои мавзӯӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И.Раззоқов, Коллеҷи Компас ва Коллеҷи техникию иқтисодии Қара-Балта ба номи М.Т. Иброҳимов баргузор гардид. Иштирокчиён бо озмоишгоҳхо, заминаи таълимию истехсолӣ, намоишгоҳи корҳои донишҷӯён ва лоихахои соҳаи технологияи хӯрокворӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи PECA дар рушди таҳсилоти касбӣ дар минтақа, афзоиши тамаркузи амалии он ва мутобиқат ба талаботи бозори меҳнат саҳми арзанда гузошт. Иҷрои бомуваффақияти он намунаи шарикии самараноки байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва рушди устувор гардид.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top