Рӯзи 13-уми октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти назоратӣ дар доираи лоиҳаи “Иқтисодиёти даврӣ (CirculEc): таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва модулҳо оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо тавассути барномаи Erasmus+ “Баланд бардоштани иқтидор дар таҳсилоти олӣ” маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Ҳадафи лоиҳаи CirculEc таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва модулҳо оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор барои барномаҳои амалкунандаи зинаи бакалавриат, магистратура ва таҳсилоти давомдор мебошад.
Лоиҳаи мазкур 11 донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, инчунин 3 донишгоҳи Аврупоиро фарогир буда, барои таълиму тарбияи зиёда аз 1100 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур 27 модули таълимии нав таҳия ва татбиқ карда шуда, 27 барномаи таълимии амалкунанда навсозӣ карда мешаванд.
Дар чорабинии зикргардида беш аз 50 нафар профессор ва коршиноси шарикони лоиҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Аврупо - Испания, Италия, кордиҳандагон, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуда, натиҷаҳои татбиқи принсипҳои иқтисодиёти даврӣ ва рушди устуворро дар барномаҳои таълимӣ баррасӣ карданд.
Чорабиниро модератори ҷамъомад, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷамшед Машокиров ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори донишгоҳ профессор Назарзода Хайрулло Холназар во гузошт.
Хайрулло Холназар меҳмононро ба кишвари офтобиамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баргузории чунин вохӯрии судмандро дар рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва равобити дӯстонаи кишварҳо муҳим арзёбӣ кард.
Ректори донишгоҳ аз ҷумла қайд намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус, ҷиҳати ташаккул ва рушди иқтисоди инноватсионӣ, иқтисоди сабз ва рушди устувор корҳои назаррас роҳандозӣ карда шуданд. Бо дарназардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад. Ба ибораи дигар, имкониятҳои Тоҷикистони офтобрӯя нисбат ба кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта ба истифода дода шуд.
Неругоҳҳо дар маҷмуъ аз 35 панели монокристалии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадом 560 Вт иборат буда, иқтидори дар давоми як шабонарӯз истеҳсол намудани беш аз 220 кВт/соат неруи барқро дорад.
Маврид ба зикр аст, ки неругоҳҳои мазкур дар доираи ҳамкориҳои ДДТТ бо ширкати ватании Тоҷикгидроэлектромонтаж (ТГЭМ), ки яке аз ширкатҳои пешқадам дар самти энергетика ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, сохта ба истифода дода шуд.
Баъдан ҳамоҳангсози дафтарии миллии Эрасмус + дар Тоҷикистон, доктор PhD Накатзода Моҳбону ва ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Мадина Юсубалиева аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони шарқӣ ба номи Д. Серикбоев ба тариқи маҷозӣ суханронӣ карданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи CirculEc – иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор саҳми арзишманд дорад.
Оксана Безлер – намояндаи Донишгоҳи Қарағандаи Казпотребсоюз оид ба мониторинги ҳамгироии модулҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои шарики лоиҳа иттилоъ дода, саҳми ДДТТ-ро ҳамчун пешоҳанги таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор шоиста арзёбӣ намуд.
Профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Зарина Қодирова зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур озмун оид ба иқтисоди даврӣ ва рушди устувор эълон гардидаааст ва донишҷӯён метавонанд бо лоиҳаҳои худ фаъолона иштирок намоянд.
Инчунин, профессор Зарина Қодирова оид ба таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва модулҳо оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор ва натиҷаҳои татбиқи он дар ДДТТ иттилоъ дод. Аз ҷумла қайд намуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур модулҳои таълимии нав таҳия ва татбиқ карда шуда, барномаҳои таълимии амалкунанда навсозӣ карда шуданд.
Ёдрас гардид, ки дар доираи лоиҳаи CirculEc дар донишгоҳ “Маркази иқтисоди сабз” таъсис дода шуд.
Дар хотимаи чорабинӣ байни иштирокчиён оид ба муаммоҳои иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор мубодилаи афкор ҷараён гирифт.