Яке аз самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок дар барномаҳои илмию таҳқиқотӣ ва табодули академикӣ мебошад. Дар ин замина ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи Лунди Шветсия ҳамчун танзимгари лоиҳаҳои байналмилаллӣ шоистаи қайд аст. Ин ҳамкориҳо дар доираи барномаи Horizon – и Комиссияи аврупоии Иттиҳоди Аврупо шурӯъ шуда, чандин лоиҳаҳоро дарбар хоҳад гирифт. Дар ин лоиҳаҳо донишгоҳҳои ҳамкор аз Шветсия, Швейтсария, Литва, Финландия, Дания, Ҷумҳурии Чех, Эстония, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок мекунанд ва манфиатбардорони лоиҳа асосан донишгоҳҳои гуногуни ин кишварҳо ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.
Лоиҳаи аввалине, ки ДДТТ дар он иштирок менамояд, лоиҳаи MOCCA мебошад, соли 2022 шуруъ шуда дар ибтидои соли 2026 ба охир мерасад.
Аз таърихи якуми август то сиюми сентябри соли 2025 дар қолаби ин лоиҳа таҷрибаомӯзии навбатии ин барнома дар Донишгоҳҳои Лунд ва Карлово доир гардид, ки дар он намояндагони донишгоҳҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова Заррина Ҳалимовна, дотсенти ҳамин кафедра Исматуллоев Исматулло Убайдович ва унвонҷӯи кафедра Қодирова Замира Тоҷиддиновна дар ин чарабиниҳо иштирок намуданд.
Дар давоми таҷрибаомӯзӣ асосан семинарҳои таълимӣ дар мавзӯъҳои пешбарди таҳқиқоти илмӣ ва методологияи он аз қабили стандартҳои байналмилалии таҳқиқот, аз ҷумла забони мақолаи илмӣ, структураи IMRAD, тартиби таҳияи руйхати адабиёт ( APA 7) ва дигар унсурҳои методологӣ ва талаботи маҷаллаҳои илмии байнаалмилалӣ, аз ҷумла SCOPUS омухта шуданд.
Намояндагони ДДТТ дар давоми ин сафар бо устодону профессорон аз донишгоҳҳои ҳамкор, аз ҷумла танзимгарони лоиҳаҳо аз Донишгоҳи Лунд вохурию мулоқотҳои судманд гузаронида дар зимни ин вохуриҳо ва чорабиниҳои таълимӣ мундариҷаи лоиҳаҳли навро барои солҳои оянда баррасӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин лоиҳаҳои нав Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ҳамчун ҳамкори лоиҳа ворид карда шуд. Ин ду лоиҳаи нав, ки яке SOCIAL ва дигаре POLCA ном доранд, лоиҳаи нави илмӣ - таҳқиқотӣ буда, моҳияти асосии лоиҳаи якум омода намудани кадрҳои илмӣ бо таъмин шароити мусоиди иштирок ҳамчун PhD аз донишгоҳҳои Осиёи Миёна ва лоиҳаи дуюм ба таҳкими усулҳо ва методологияи таҳқиқоти иқтисодӣ бахшида шудаанд. Ин лоиҳаҳо аз моҳи январи соли 2026 шурӯъ шуда, то соли 2030 идома хоҳанд кард. Бояд қайд кард, ки татбиқи лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои гуногуни Аврупои Шимолӣ, донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкори бо Агентии илм ва Таҳқиқоти Комиссияи Аврупоӣ татбиқ карда хоҳанд шуд.
Инчунин дар давоми таҷрибаомӯзӣ намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор ба марказҳои инноватсионию технологӣ ташриф оварда, бо тартиби кори онҳо ва ҳамкориҳои онҳо бо донишгоҳҳо ошно шуданд.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 