ДДТТ ДАР ФОРУМИ IX CAREC: МУАРРИФИИ ТАҲҚИҚОТ ОИД БА ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ВА САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ЧИН

Бинанда: 80 | Санаи нашр: 06 Декабр 2025

Аз 1-ум то 4-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми IX рушди шабакаи марказҳои таҳқиқотии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC Think Tank Development Forum) баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич иштирок намуд.

Форум таҳти унвони “Accelerating the Transformative Effect of Green Initiatives through Innovative Financing Mechanisms in the CAREC Region” баргузор шуда, дар он намояндагони марказҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо, ташкилоту ниҳодҳои давлатии кишварҳои узви CAREC, инчунин роҳбарони лоиҳаҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Муовини ректор Ҷамшед Машокиров ҳамчун гирандаи гранти таҳқиқотии CAREC Think Tank Network (CTTN Research Grant Recipient) дар ҷаласаи пленарии асосӣ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро оид ба механизмҳои инноватсионии маблағгузории ташаббусҳои «иқтисоди сабз» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд. Баромади номбурда аз ҷониби ширкаткунандагон бо таваҷҷуҳи хос пазируфта шуд. Иштироки намояндаи ДДТТ дар ин чорабинӣ ба чанд самт мусоидат намуд: тақвияти нуфузи байналмилалии донишгоҳ дар байни марказҳои илмии CAREC; тавсеаи робитаҳои таҳқиқотӣ бо институт ва донишгоҳҳои кишварҳои узв; муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик дар соҳаи иқтисоди сабз ва рушди устувор; фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва идоракунӣ.

Форум аз ҷониби Институти CAREC, ки яке аз платформаҳои муҳими таҳқиқотии минтақавӣ мебошад, ташкил карда шуд. ДДТТ ҳамчун узви фаъоли шабакаи CAREC Think Tank Network ҳамасола дар барнома, таҳқиқот ва ҳамоишҳои илмии CAREC иштироки фаъолона дорад. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ омода аст, ки ҳамкориро бо CAREC ва дигар шарикони байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ дар самти рушди устувор густариш диҳад.

Дар доираи форуми мазкур, дотсент Ҷамшед Машокиров ҳамзамон дар шабакаи телевизионии Чин мусоҳиба дода, дар он оид ба имкониятҳои татбиқи иқтисодиёти сабз, нақши донишгоҳҳо дар рушди устувор, инчунин омодагии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба таври муфассал шарҳ дод. Ин мусоҳиба ба баланд бардоштани нуфузи ДДТТ ва тақвияти робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни ду кишвар мусоидат намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top