НАТИҶАГИРӢ ВА БАРРАСИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 17 Декабр 2025

15-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ ҷаласаи натиҷагирӣ аз семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Таҳияи лоиҳаҳои фармоишии илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор гардида буд, доир шуд. Чорабинии мазкур бо ҳадафи ҷамъбасти натиҷаҳо ва баррасии лоиҳаҳои таҳиянамудаи иштирокчиён баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории ҷаласа муаррифӣ ва баррасии лоиҳаҳои омодашуда, инчунин такмил ва беҳтар намудани мазмуну мундариҷаи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии пешниҳодшуда ба ҳисоб мерафт.

Дар кори семинар ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини ректор оид ба тарбия, н.и.и., дотсент Ҳисориева Гулнора Тоирована, коршиноси лоиҳаҳо, профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова Заррина Ҳалимовна, сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, н.и.т., Абдуллоев Бахтиёр Толибҷонович, сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Султонов Зоиршо Султонович, инчунин мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои вобаста ба натиҷагирӣ аз пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тартиби таҳия, пешниҳод ва татбиқи онҳо, роҳҳои ҷалби сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва рушди фаъолияти илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён лоиҳаҳои омодашудаи худро муаррифӣ намуда, оид ба мушкилоти мавҷуда дар раванди таҳияи лоиҳаҳо, роҳҳои ҳалли онҳо ва имкониятҳои густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ фикру андешаҳои судманд иброз доштанд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро барои таҳкими иқтидори илмии донишгоҳ, баланд бардоштани таҷрибаи амалии омӯзгорон ва муҳаққиқон, рушди фаъолияти инноватсионӣ ва боло бурдани сатҳи донишу малакаи кормандони соҳа муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, идомаи мунтазами баргузории онҳоро зарур шумориданд.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top