ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОМӮЗИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ VIS MOOT

Бинанда: 55 | Санаи нашр: 23 Декабр 2025

Дар доираи Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ (Commercial Law Development Program) аз 14-ум то 18-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи Каспий (Caspian University), шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон омӯзиши байналмилалии Vis Moot, ки ба омодагӣ барои озмуни «Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» бахшида шудааст, баргузор гардид.

Дар ин омӯзиш намояндагони 9 донишгоҳ аз 4 давлати Осиё иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок кард. Ба ҳайати даста роҳбари он — номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, дотсент Шамсов Фатҳиддин Тоирович, инчунин донишҷӯён Гадоев Абубакр, Раҳмони Эмомалӣ, Нусайриева Шафоат, Файзалиев Фаррух ва Қаҳҳоров Комрон шомил буданд.

Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ як дафтари кӯмаки техникии ҳуқуқии Вазорати тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, соли 1992 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии барнома ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати такмили муҳити ҳуқуқӣ ва меъёрӣ барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар доираи фаъолияти худ барнома ба ҳукуматҳои кишварҳои мизбон кӯмаки техникӣ ва ҳуқуқӣ, машваратҳои қонунгузорӣ, сиёсатгузорӣ ва чораҳои баланд бардоштани иқтидори институтсионалиро пешниҳод менамояд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти барнома рушди механизмҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо (ADR) ва татбиқи барномаҳои Vis Moot мебошад. Ин ташаббусҳо ба беҳтар намудани муҳити ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ, рушди инфрасохтори ҳуқуқӣ, навсозии қонунгузорӣ, омӯзиш ва сертификатсия, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва истифодаи механизмҳои ADR равона шудаанд. Ҳамасола барнома иштироки донишгоҳҳоро дар озмуни байналмилалии «Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ Vis Moot» дар даҳҳо кишвар дастгирӣ менамояд.

Омӯзиши декабрии Vis Moot донишҷӯён, омӯзгорон ва тренерҳои байналмилалиро аз кишварҳои минтақа барои омӯзиши амиқи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар шаҳри Алма-Ато муттаҳид намуд. Тибқи барнома, дастаҳо моҳи марти соли 2026 барои иштирок дар мусобиқаи асосӣ ба шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар менамоянд. Дар ин чорабинӣ донишгоҳҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.

Дар анҷоми омӯзиш дар Донишгоҳи Каспий баромади донишҷӯён, муҳокима ва саволу ҷавоб бо иштирокчиёни фаъоли барнома баргузор гардид. Ба намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар барнома изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top