Аз 01-ум то 06-уми марти соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ (Commercial Law Development Program) омӯзиши байналмилалии Vis Moot, ки барои омодагӣ ба озмуни «Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар ин омӯзиш намояндагони 24 донишгоҳ аз 16 давлатҳои Осиё иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок кард. Ба ҳайати даста роҳбари он — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори маркази инноватсионӣ Мухторзода Саидмухтори Саидахрор, инчунин донишҷӯён Махфират Файзуллозода, Абубакр Гадоев, Фаррух Файзалиев, Усмон Нуров ва Комрон Қаҳҳоров шомил буданд.
Ҳадафи асосии барнома ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати такмили муҳити ҳуқуқӣ ва меъёрӣ барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти барнома рушди механизмҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо (ADR) ва татбиқи барномаҳои VIS MOOT мебошад, ки ба беҳтар намудани муҳити ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ, рушди инфрасохтори ҳуқуқӣ, навсозии қонунгузорӣ, омӯзиш ва сертификатсия, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва истифодаи механизмҳои ADR равона шудаанд.
Дар анҷоми озмун муҳокимаи маърӯзаҳои донишҷӯён, саволу ҷавоб бо иштирокчиёни барнома баргузор гардида, ғолибон муайян гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон донишу малакаи баланд нишон дода, ба даври навбатӣ, ки дар кишвари Гонконк баргузор мегардад, роҳхат гирифт.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ








Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 