ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БО ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИОНӢ - ТЕХНОЛОГИИ ҚАЗОҚИСТОНИ ҒАРБӢ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 13 Апрел 2026

            Аз 6-ум то 11-уми апрели соли 2026 намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳайати муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов А.Р. ва номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ Салимов Н.С. бо сафари хизматӣ дар шаҳри Уралски Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доштанд.

            Сафари мазкур дар асоси даъвати расмии Донишгоҳи инноватсионӣ-технологии Қазоқистони Ғарбӣ сурат гирифта, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди робитаҳои илмию таълимӣ, густариши табодули академӣ ва иштирок дар конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси Абай дар заминаи илми иқтисодии муосир дар Қазоқистон» буд.

            Дар доираи сафар як қатор вохӯриҳои сатҳи баланд бо роҳбарият, профессорону омӯзгорон ва намояндагони воҳидҳои сохтории донишгоҳи мизбон баргузор гардиданд. Аз ҷумла, 8 апрели соли 2026 вохӯрии расмии роҳбарияти донишгоҳи мизбон бо ҳайати ДДТТ доир гардид, ки дар он ректор Шакешев Б.Т., муовинони ректор ва роҳбарони сохторҳо иштирок намуданд.

            Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, ҳолати иҷрои созишномаи ҳамкорӣ таҳлил гардид. Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳоро, аз ҷумла роҳандозии таҳқиқоти илмии муштарак, таҳияи барномаҳои таълимии муштарак, ташкили чорабиниҳои илмӣ ва густариши табодули академиро муайян намуданд. Ҳамзамон, ба аҳаммияти омодасозии мутахассисони баландихтисоси мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таъкид гардида, омодагии тарафҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дарозмуддат изҳор карда шуд.

            Дар идомаи сафар вохӯрӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи таҳсилот ва менеҷменти донишгоҳи мизбон низ баргузор гардид (9 апрели соли 2026), ки дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар сатҳи кафедраҳо, таҳияи таҳқиқоти муштарак, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва татбиқи равишҳои байнисоҳавӣ баррасӣ шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки механизмҳои мушаххаси татбиқи самтҳои ҳамкорӣ таҳия гардида, робитаҳои академӣ дар сатҳи мунтазам нигоҳ дошта шаванд.

            Дар доираи барномаи табодули академии берунӣ, ки яке аз унсурҳои муҳими байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ ба шумор меравад, намояндагони ДДТТ фаъолияти таълимии худро дар донишгоҳи мизбон амалӣ намуданд. Аз ҷумла, Қурбонов А.Р. барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ аз фанни «Назарияи иқтисодӣ» ва Салимов Н.С. аз фанни «Асосҳои саводнокии молиявӣ» барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун машғулиятҳои таълимӣ гузарониданд.

            Илова бар ин, дар доираи сафар чор машғулияти кушоди таълимӣ баргузор гардид, ки мавзӯъҳои муҳими иқтисоди муосир, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, низоми андоз ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтанд.

            Ҳамчунин, 6-уми апрели соли 2026 дар донишгоҳи мизбон конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ДДТТ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, Қурбонов А.Р. дар мавзуи «Нақши сармоягузории хориҷӣ дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Салимов Н.С. дар мавзуи «Рақамикунонӣ ва марҳилаҳои татбиқи он дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карданд.

            Дар маҷмӯъ, сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои муассир бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top