Семинари илмӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи POLCA

Бинанда: 6 | Санаи нашр: 02 Июл 2026

POLCA — The Political Economy of Legal and Governance Reform in Non-Western Societies: Insights from Central Asia («Иқтисоди сиёсии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва идоракунӣ дар ҷомеаҳои ғайриғарбӣ: таҷрибаи Осиёи Марказӣ») — лоиҳаи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад, ки дар доираи барномаи Horizon Europe – Marie Skłodowska-Curie Actions (MSCA Staff Exchanges) амалӣ мегардад. Лоиҳа ба омӯзиши равандҳои ислоҳоти ҳуқуқӣ ва идоракунӣ, инчунин нақши ниҳодҳо ва меъёрҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст. Ҳамоҳангсози лоиҳа Донишгоҳи Лунд (Шветсия) буда, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни он мебошад.

Дар доираи барномаи мубодилаи байналмилалии илмии лоиҳаи POLCA, доктор Туйчи Рашидов аз Södertörn University (Шветсия) аз 29 июн то 06 августи соли 2026 сафари илмӣ-таҳқиқотӣ (secondment)-и худро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон анҷом дод. Тибқи нақшаи фаъолияти пешбинишуда, 30 июни соли 2026 ӯ барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи «Нашр дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда: стратегия, мавқеъгузорӣ ва таъсир дар таҳқиқоти Авруосиё» баргузор намуд.

Дар ҷараёни семинар талаботи асосии маҷаллаҳои байналмилалии тақризшаванда, тарзи дурусти гузоштани масъалаи таҳқиқотӣ ва муайян намудани саҳми илмии мақола, ташаккули далелу аргументҳои илмӣ, интихоби маҷаллаи муносиб ва марҳилаҳои тақриз баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус ба гузариш аз баёни тавсифӣ ба таҳлили академӣ ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот дар доираи васеи мубоҳисаҳои байналмилалии илмӣ равона гардид.

Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубоҳисаи фаъол сурат гирифт. Масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ ва омода намудани мақолаҳои академӣ таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиёнро ҷалб намуданд. Имкониятҳои воситаҳои муосири зеҳни сунъӣ, риояи принсипҳои поквиҷдонии академӣ, санҷиши эътимоднокии манбаъҳо ва масъулияти муаллиф барои сифат ва саҳеҳии матни илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top