ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА СУҒУРТА

Бинанда: 392 | Санаи нашр: 26 Феврал 2025

Дар моҳи марти соли 2025 Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба суғурта оғоз меёбад, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун Ташкилоти заминавии мамлакатҳои иштирокдорони ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта ҳамчун ҳаммуассис мебошад.

Мо донишҷӯёни кишварҳои ИДМ-ро, ки дар барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бакалавриат, мутахассис, магистратура таҳсил мекунанд, даъват менамоем.

Ҳадафҳои баргузории Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба суғурта:

  • васеъ кардани доираи салоҳиятҳо;
  • баланд бардоштани таваҷҷуҳ оид ба ихтисоси суғурта ва фаъолияти илмӣ дар соҳаи суғурта;
  • фароҳам овардани шароит барои муайян кардани донишҷӯёни боистеъдод ва лаёқатманд;
  • мусоидат ба худмуайянкунии касбии онҳо ва татбиқи донишҳои гирифташуда ба воқеияти имрӯзаи бозори суғурта;
  • баланд бардоштани фарҳанги суғурта.

Олимпиада дар ду давр баргузор мегардад:

  • Даври аввали фосилавӣ (03 март - 27 апрел 2025) – иштирокчиён бояд супоришҳои эҷодиро, ки дар вебсайти Олимпиада ҷой дода шудаанд, иҷро намоянд.
  • Даври дуюми фосилавӣ (19-23 май 2025) – дар формати фосилавӣ баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври аввал метавонанд иштирок кунанд.

Маводҳо аз 03 март то 27 апрел 2025 қабул карда мешаванд.

 

Муфассал: https://www.fa.ru/university/structure/scientific-educational-departments/ff/siess/olimps/

 

Ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият орзумандем!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top