Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо, об ва табиат”

Бинанда: 271 | Санаи нашр: 13 Март 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 28-уми марти соли 2025, соати Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо, об ва табиат” баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба обшавии пиряхҳо;

2. Таъсири экологии технология ва оқибатҳои он ба муҳити зист;

3. Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар паст кардани обшавии пиряхҳо;

4. Таъсири партовҳо барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ.

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 25-уми марти соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 25-уми марти соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 26-уми марти соли 2025 фиристода мешаванд.

Маҳмадализода Беҳруз Маҳмадали - (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 938909400

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

PDF: Конфересия Ҳифзи пиряхҳо, об ва табиат 28.03.2025

         Мактуби иттилоотӣ Конф Пиряхҳо ДДТТ 26.03.2025

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top