Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 17-уми майи соли 2025, конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои марбут ба забон дар осори безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон” баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоили зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Забон муҳимтарин унсури бақои миллат дар оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира
- Омӯзиши сайри таърихии ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва нақши абармардони миллат дар асари бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - “Чеҳраҳои мондагор”
- Мақоми забони тоҷикӣ дар ташаккул ва такомули хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдати миллӣ
- Нақши забони миллӣ чун воситаи наҷоти миллат дар таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
- Эҳёи анъанаву суннатҳои миллӣ ва таъсири онҳо дар иршоди таркиби луғавии забон
- Муносибати забон бо сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг
- Рушди забоншиносии тоҷик дар замони Истиқлол ва нақши Пешвои миллат дар он
- Дигаргунию таҳаввулоти ҷиддии забон дар ибтидои асри XX
- Хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ дар инъикоси сабку услуби забони шоиру нависандагон (классикон ва муосирон) ва донишмандон
- Нақши рӯзномаву маҷаллаҳо дар инкишофу истиқрори калимаву истилоҳоти нав
- Баъзе мушкилоти истифодаи истилоҳот, аз он ҷумла дар раванди сиёсат, қонунгузорӣ, иқтисодиёт ва дар соҳаҳои дигар
- Мушкилот дар омӯзиши истилоҳ ва истилоҳсозӣ
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 08-уми майи соли 2025 мақолаҳои худро ба нишонии электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба нишонии 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович (мутасаддӣ)
Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 934444155.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PDF: МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ Конфренсия 17.05.2025
Мактуби ВМИҶТ_конференсияи_ҷумҳуриявии_ДДТТ 2025
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ