Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Озмуни VI байналмилалии олимони ҷавон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ “Интеллект” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон менамояд
Озмун бо мақсади мусоидат ба рушди касбии ҷавонон, аз ҷумла намояндагони кишварҳои аъзои ИДМ, дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, рушд ва ҳамгироии фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар ин соҳа гузаронида мешавад.
Дар озмун донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва олимони ҷавони то синни 35-сола иштирок карда метавонанд.
Бақайдгирӣ ва қабули аризаҳои иштирокчиён то 31 октябри соли 2025 сурат мегирад.
Маълумоти дақиқ дар сомонаи Академияи давлатии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия ҷойгир карда шудааст - https://rgiis.ru/index/o-konkurse-intellekt2025/.
Ба ҳамаи иштирокчиёни озмун муваффақият орзумандем!