Мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши андоз дар шароити имрӯза ва хусусиятҳои касби нозири андоз”

Бинанда: 214 | Санаи нашр: 13 Май 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 13-уми майи соли 2025, соати 10:00 Мизи мудавварро дар мавзуи  “Нақши андоз дар шароити имрӯза ва хусусиятҳои касби нозири андоз” баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳлили самтҳои асосии сиёсати андозӣ дар шароити муосири иқтисодӣ, баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ дар ҷомеа, шиносоии амиқ бо масъулияту вазифаҳои нозирони андоз ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши касби нозири андоз ҳамчун як самти муҳими хизматрасонии давлатӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Чорабинӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти андоз, устодону муҳаққиқони соҳа, донишҷӯёни ихтисоси андоз ва молия, инчунин коршиносони бозори меҳнат баргузор гардида, имкони муҳокимаи кушод ва табодули таҷрибаҳоро фароҳам хоҳад овард.

 Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 13-уми майи соли 2025, соати 10:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top