Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 10-уми июни соли 2025, конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Такмил ва таълими илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимоти олии касбӣ” бахшида ба “Бистсолагии рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ” баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Баланд бардоштани сифати таълим бо методҳои салоҳиятнокӣ дар МТОК;
2. Методикаи таълими математикаи олӣ;
3. Баланд бардоштани саводнокии математикӣ дар МТОК;
4. Алоқамандии байни фанҳо бо матемаикаи олӣ;
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 09-уми июни соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 09-уми июни соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 09-уми июни соли 2025 фиристода мешаванд.
Буриев Беҳруз (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 938909400
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PDF:
Эълони конференсияи чумхуриявии илми амалиии ДДТТ 10.06.2025
Эълони_конференсияи_чумхуриявии_ДДТТ 2025
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ