Ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо ибтикори кафедраи забонҳо дар таърихи 10.11.2025, соати 12:00 дар бинои таълимии №7 аудиторияи 2 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои озод таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад.
Мавзӯъҳои иншои озод:
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Пешвои муаззами миллат
- Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик
- Президенти мо - ифтихори мо
- Пешвои миллат - ҳомии миллат
- Нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлату миллати тоҷик
- Пешвои миллат - меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ
- Чеҳраҳои адабӣ дар шинохти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҷашни саодатофар барои мардуми кишвар
Ба ифтихори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи тақдирсози миллат
- Нақши иҷлосия дар зиндагии миллати мо
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваҳдат, сулҳ ва бунёди миллат асос гузошт
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнавишти тақдирсоз
- Иҷлосияи тақдирсоз оғози наҷоти миллат аст
- Таърихи иҷлосияи тақдирсоз
- Нақши Пешвои миллат - дар бунёди иҷлосия
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳимтарин дастовард
- Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наҷоти миллат
- Оғози раванди давлатсозии тоҷикон
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор ба сӯи давлатдорист
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - асоси сулҳу субот
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – фазои нави сиёсӣ дар кишвар
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози раванди давлатсозии тоҷикон
Иштироки ҳамаи довталабонро таманно менамоем!
РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ