Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ

Бинанда: 38 | Санаи нашр: 20 Октябр 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 20 ноябри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқ ва иқтисод дар шароити муосир” баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

  1. Мушкилоти танзими ҳуқуқии иқтисодиёт;
  2. Рушди қонунгузории дар бахши танзими иқтисодиёти миллӣ;
  3. Падидаҳои нави ҳуқуқӣ дар қонунгузории маданӣ;
  4. Танзими ҳуқуқии рақамикунонии иқтисодиёт;
  5. Масъалаҳои ҳуқуқии ташкили ташкилотҳои тиҷоратӣ;
  6. Ҳуқуқҳои иқтисодии инсон;

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 15-уми ноябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 15-уми ноябри соли 2025  пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 17 ноябри соли 2025 фиристода мешаванд.

Алиев Фаррух Шарифович  (мутасаддӣ)

Тел.: +992-917-37-55-55.

E-mail:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. 

 

PDF: МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ ДДТТ 20.11.2025

        ЭЪЛОНИ КОНФРЕНСИЯ  ДДТТ 20.11.2025

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top