Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ, тибқи Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №684), семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.
Мавзӯъ: “Таҳияи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаҳои ҳуқуқӣ, марҳилаҳои амалисозӣ ва имкониятҳои маблағгузорӣ”.
Мақсад: Шинос намудани кормандон бо талабот, раванд ва имкониятҳои амалии маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, грантҳо ва барномаҳои мақсаднок, инчунин тавзеҳи тартиби омодасозӣ ва пешниҳоди дархостҳо барои озмунҳои миллӣ.
Масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ:
- Қоидаҳои умумии маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маблағгузории заминавӣ, грантӣ ва барномавии мақсаднок – мазмун ва фарқиятҳо;
- Тартиби пешниҳоди дархостҳо ба озмунҳои грантӣ ва барномавӣ;
- Меъёрҳои баҳодиҳӣ ва талабот ба лоиҳаҳои илмӣ;
- Тарзи таҳияи қисмҳои асосии лоиҳа (мақсад, вазифаҳо, натиҷаҳо, сметаи хароҷот ва ғайра).
Иштирокчиён: кормандони сохторҳои илмӣ, таълимӣ ва маъмурии донишгоҳ.
Вақт ва ҷой: 04 - ноябри 2025, соати 1500, дар бинои асосии № 1, ошёнаи 4 баргузор мегардад, даъват менамояд.
Масъулон: Раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ.
Иштироки фаъолонаи Шумо дар семинари омӯзишӣ баҳри татбиқи самараноки лоиҳаҳои илмӣ ва ҷалби маблағгузории грантӣ дар донишгоҳ мусоидат менамояд.
PDF: 2024_Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 