Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 27-уми ноябри соли 2025 гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Тамоюлҳои рушди сармояи инсонӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ» баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Нақши МТОК дар рушди сармояи инсонӣ;
2. Тамоюлҳои муосир дар рушди сармояи инсонӣ тавассути таҳсилоти олии касбӣ;
3. Ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бозори меҳнат дар рушди самараноки сармояи инсонӣ;
4. Нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ ва рушди сармояи инсонӣ;
5. Омилҳое, ки ба рушди сармояи инсонӣ дар МТОК таъсир мерасонанд;
6. Самтҳои афзалиятноки рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Ҳолати муосир ва муаммоҳои рушди сармояи инсонӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 22-юми ноябри соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 25-юми ноябри соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 25-юми ноябри соли 2025 фиристода мешаванд.
Рустамзода Фитрат (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44,.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 