Эълон!

Бинанда: 81 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо хушнудӣ иттилоъ медиҳад, ки бори аввал дар Тоҷикистон инчунин дар ДДТТ семинари 39-юми “Country Initiative” дар ҳамкорӣ бо Мактаби тиҷоратии Айви, Донишгоҳи Ғарбии Канада баргузор мегардад.

? Сана: 26 ноябри соли 2025

⏰ Соат: 10:00

? Ҷойи баргузорӣ: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Дар бораи Мактаби тиҷоратии Айви ва ташаббуси “Country Initiative”

Тавре маълум аст, Айви яке аз беҳтарин мактабҳои байналмилалии тиҷорат дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Баргузор кунандаи семинар ва собиқ Директори ‘Ivey Publishing’ низ дар ин чорабинӣ ширкат мекунад. ‘Ivey Publishing’ ҳудуди зиёда аз 8500 кейсҳои тиҷоратӣ, ёддоштҳои техникӣ ва мақолаҳои маҷаллаи ‘Ivey Business Journal’-ро паҳн менамояд. Ин яке аз калонтарин истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони кейсҳои таълимии қарорсоз дар ҷаҳон мебошад ва пас аз Мактаби тиҷоратии Гарвард мақоми дуюмро ишғол мекунад. Кейсҳои он дар донишгоҳҳои беш аз 150 кишвар истифода мешаванд.

Гарчанде ки ‘Ivey Publishing’ одатан ҳар як кейсро тақрибан бо арзиши 4,50 доллар барои як донишҷӯ мефурӯшад, аммо ба омӯзгорони донишгоҳҳои Тоҷикистон, онҳоро бепул пешниҳод мекунад.

Фурсатҳои хуб барои омӯзгорони ДДТТ!

Омӯзгорони доимии ДДТТ метавонанд дар ‘Ivey Publishing’ ба қайд гирифта шуда, кейсҳо ва маводҳои лозимаро барои таълим бидуни пардохт интихоб ва истифода намоянд. Аллакай зиёда аз 2000 омӯзгор дар ҷаҳон узви ин платформа мебошанд.

Шартҳои муҳим:

• Кейсҳо танҳо барои истифодаи таълимӣ дар дохили кишвар мебошанд ва ҳаққи паҳнсозии электронӣ надоранд.

• Ёддоштҳои омӯзгорӣ (Teaching Notes) танҳо ба омӯзгорони ба қайдгирифташуда дастрасанд ва ҳеҷ гоҳ набояд ба ддонишҷӯён дода шаванд ё дар шакли электронӣ нашр карда шаванд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top