Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 декабри соли 2025 Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалиро дар мавзӯи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир” бахшида ба солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор менамояд. Ба конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ даъват карда мешаванд.
МАВЗУЪҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ:
1.Татбиқи иқтисоди рақамӣ ҳамчун муҳаррик ва омили стратегӣ дар рушди иқтисоди миллӣ;
2. Арзёбии механизми ташкилию иқтисодии рушди таҳсилоти рақамӣ дар мактабҳои олӣ;
3. Нақши иқтисоди рақамӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
4. Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии табдилдиҳиҳои рақамӣ;
5. Технологияҳои рақамӣ: таҳдидҳо, хатарҳо, амният;
6.Молия, сармоягузорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамисозӣ.
Дар робита ба ин, олимон, муҳаққиқон, аспирантҳо ва хоҳишмандон, ки хоҳиши иштирок дар конфронсро доранд, метавонанд мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ирсол намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни гузориши иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мундариҷа ба талаботи дар боло зикршуда ҷавобгӯ аст ва то 20 декабри соли 2025 пешниҳод карда мешавад, дар шакли маҷмӯаи маводи конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ то рузи конференция бо тавсияи ҳайати таҳририя нашр мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 20 декабри соли 2025 фиристода мешаванд.
Шамсов Фатхиддин Тохирович (расмӣ) Тел.: (+992) 909882669
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
PDF: Мактуби ВМИҶТ 2025
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 