Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 16 -уми январи соли 2026 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи Ташаккул ва рушди фаъолияти гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ дар пояи кафедраи фаъолияти гумрукӣ доир менамояд. Ба конференсияи мазкур кормандони хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Марҳилаҳои ташаккул ва рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ (таҷриба, дастовардҳо ва мушкилоти амалии идоракунӣ);
- Рақамисозии фаъолияти гумрукӣ ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии танзими савдои хориҷӣ (системаҳои электронӣ, “гумруки рақамӣ”, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ);
- Такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ (мутобиқсозии қонунгузорӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи муосир);
- Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ дар давраи рақамисозӣ;
- Таҳсилоти касбӣ ва рушди ихтисоси фаъолияти гумрукӣ дар Тоҷикистон: таҷрибаи 30-солаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (омодасозии кадрҳо, пайванди илм ва амалия);
- Истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти гумрукӣ (идоракунии хавфҳо, таҳлили маълумот, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо);
- Ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамгироии низоми гумруки Тоҷикистон ба фазои гумрукии ҷаҳонӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 14.01.2026 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то .15.01.2026 фиристода мешаванд.
Ғаюрӣ Р.С. (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 909113378.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 