Конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ

Бинанда: 52 | Санаи нашр: 13 Январ 2026

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИҶБАК ҶТ) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 23-24 январи соли 2026 Конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалиро дар мавзӯи: «Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит, таҳлил, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: чолишҳои муосир ва самтҳои рушд» баргузор менамоянд.

Дар кори конфронс муҳокимаи самтҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

  • баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар даврони иқтисодиёти рақамӣ;
  • мушкилоти пешниҳоди ҳисоботи молиявии электронӣ;
  • самтҳои асосии рушди аутсорсинг, консалтинги бухгалтерӣ ва аутстаффинг дар шароити иқтисодиёти рақамӣ;
  • масъалаҳои мубрами такмили баҳисобгирии молиявӣ;
  • менеҷменти молиявӣ ва назорати корпоративӣ;
  • усулҳои тадқиқоти бухгалтерӣ;
  • методологияи баҳисобгирӣ ва аудит дар бахши ҷамъиятӣ;
  • аудити давлатӣ: имкониятҳои нав, монеаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо;
  • таҳлили идоракунӣ: вазъ ва дурнамои рушд;
  • мушкилоти рушди таҳлили комплексии иқтисодии фаъолияти хоҷагии субъекти хоҷагидор;
  • баҳисобгирии андоз ва маъмурикунонии андоз;
  • андозбандии фаъолияти корхонаҳо: мушкилот ва дурнамои рушд;
  • дурнамои рушди маълумоти бухгалтерӣ ва касби бухгалтерӣ;
  • баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва омори иқтисодӣ дар даврони рақамикунонӣ.

Иштирокчиёни конфронс – ҳайати профессорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои дуру наздик, мутахассисон дар соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони мақомоти молиявӣ ва андоз, мутахассисони соҳаи бонкдорӣ, роҳбарон ва мутахассисони ширкатҳои аудиторӣ, хадамоти бухгалтерӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ.

Дар асоси натиҷаҳои конфронс, нашри мақолаҳои иштирокчиёни конфронс, бо индексатсияи минбаъда дар e-library ба нақша гирифта шудааст.

Мақолаҳои беҳтарини назариявӣ ва илмӣ-амалӣ дар маҷаллаи байналмилалии назариявӣ ва илмӣ-амалии «Аудит ва Менеҷмент»-и ИҶБАК ҶТ ройгон нашр карда мешаванд.

Забонҳои кории конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Суроғаҳои мо: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти ½, ИҶБАК ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. 734061,

Телефон: (+992) 937 47 31 09, 934 34 69 16, 934 77 33 66,

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,  E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

Канали ИҶБАК ҶТ дар телеграмм: https://t.me/+7hHy0Tjit95kNDky

Канали ДДТТ дар телеграмм: https://t.me/TGUK2023

 

PDF: МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ ДДТТ 2026

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top