Рӯзҳои 4-6-уми майи соли 2026 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии илмии RSAI Конференсияи IV байналмилалии илмию амалиро дар мавзуи “Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд.
Дар доираи конференсия таъсиси платформа барои маърӯзачиён (олимону муҳаққиқони варзидаи ҷаҳон), аз ҷумла, мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои мубодилаи таҷриба ва дониш аз рӯи тамоми ҷанбаҳои илми муосир ва рушди устувори минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи конференсия ба як платформаи байнифаннӣ ҷиҳати муаррифӣ ва муҳокимаи охирин таҳаввулот, навовариҳо, инчунин мушкилоти мавҷуда ва қарорҳои амалии дар соҳаи рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ қабулшуда, табдил додан мебошад.
Ба конференсия мақолаҳо аз рӯи бахшҳои мавзуии зерин қабул карда мешаванд:
- Рушди устувор;
- Назария ва амалияи рушди минтақавӣ;
- Заминаи қонунгузории рушди устувор;
- Ҷуғрофияи иқтисодӣ;
- Рақамикунонии иқтисодиёти Осиёи Марказӣ;
- Назарияи иқтисодӣ;
- Рушди фаъолияти суғурта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- Иқтисодиёти фазоӣ ва банақшагирӣ;
- Таҳлили экологию иқлимӣ;
- Гумрук ва логистика;
- Таҳлили маълумоти фазоӣ;
- Иқтисодиёт ва молия дар рушди Осиёи Марказӣ;
- Технологияҳо дар рушди Осиёи Марказӣ;
- Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таълими инноватсионӣ;
- Рушди донишҳои иҷтимоӣ – гуманитарӣ ва педагогика дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
Барои ширкат дар конференсия дархост оид ба иштирок, мавзуъҳо ва аннотатсияи маърузаҳо (мақолаҳо)-ро бо нишон додани бахш то 10-уми марти соли 2026 ба суроғаи электронии Кумитаи тадорукоти конференсия: TSUC & RSAI фиристодан зарур аст. Матни пурраи мақолаҳо то 20 апрели соли 2026 қабул карда мешаванд.
Барномаи конференсия як моҳ пеш аз чорабинӣ дар сомонаи https://tguk.tj/conference/#topics, инчунин дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - https://tguk.tj/index.php/ru/ дастрас хоҳад буд.
Суроға: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 1/2, ДДТТ,
Раёсати илм ва инноватсия.
Муфассал: https://tguk.tj/conference/
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 