ДДТТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумхуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”

Бинанда: 39 | Санаи нашр: 27 Феврал 2026

Бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2026, №АП – 950 тасдиқ шудааст ва инчунин тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти рақами №03/1 аз 19.01.2026 бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии  “Илм – фурӯғи маърифат” дар байни бакалаврон, магистрон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорони донишгоҳ аз 01.04.2026 то 06.04.2026 аз рӯйи бахшҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия);
  2. физика ва астрономия;
  3. Химия;
  4. Биология (ботаника, зоология, анатомия);
  5. География;
  6. Технологияи иттилоотӣ;
  7. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

 

Низомнома ва шартҳои озмун: Низомномаи Озмуни Илм фуруғи маърифат ДДТТ_01.01.2026

 

Муфассал: https://www.president.tj/event/documents/54525

Барои маълумоти иловагӣ ба раёсати илм ва инноватсия муроҷиат намоед.

Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top