Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои иҷтимоиюиқтисодии сотсиологияи замони муосир»

Бинанда: 29 | Санаи нашр: 11 Март 2026

Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои иҷтимоиюиқтисодии сотсиологияи замони муосир» даъват менамояд. Конференсиясанаи 15-уми маи соли 2026, соати 10:00 дар толори Шурои олимониДонишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар кори конференсия олимони соҳаҳои ҷомеашиносӣ, иқтисодиёт,ҳуқуқ ва муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши масъалаи конференсия иртибот доранд,метавонанд иштирок намоянд.

Самтҳои асосии конференсия:

1.Пайдоиши сотсиология ҳамчун илм.

2.Равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ.

3.Равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ.

4.Ҳолати сотсиологияи муосир.

5.Мушкилоти сотсиологияи муосир.

6.Имкониятҳои рушди сотсиология.

7.Низоми институтҳои муосири иҷтимоӣ.

8.Иқтисодиет ҳамчун як ниҳоди иҷтимоӣ ва раванди иҷтимоӣ.

9.Сотсиология дар ҷаҳони муосир, аҳамияти он дар худшиносӣ ва танзимипадидаҳо ва равандҳои иҷтимоӣ.

  1. Равандҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ.

11.Сотсиологияи иқтисодӣ дар системаи дониши сотсиологӣ.

12.Марҳилаи муосири рушди сотсиологияи иқтисодӣ дар Тоҷикистон.

Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда(тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.

Ҳамагуна харҷи иштирок дар конференсия бар дӯши ширкаткунандамебошад.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 12-уми майи соли 2026  пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 28-уми марти соли 2026 фиристода мешаванд.

Неъмонов Ҷ.М. (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34)  934444164, (+992)  918183215

Почтаи электронӣ:

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.      E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

PDF: 1. Мактуби иттилоотии Конф_Сотсология _тоҷикӣ 15.05.2025

         2. Мактуби иттилоотии Конф_Сотсология _тоҷикӣ 15.05.2025

 

 

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top