Ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Донишгоҳи Кадис (Universidad de Cádiz, Spain), Шоҳигарии Испания имконияти таҳсилро барои донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ КА171 сифр-гранти мобилӣ (zero-grant mobillty) дар соли таҳсили 2026-2027 эълон менамояд.
Аз ҳамаи донишҷӯёни хоҳишманд даъват карда мешавад, ки барои иштирок дар сифр-гранти мобилӣ дар муҳлати муайяншуда ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд.
Талаботҳо:
- Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ;
- Транскрипт (ҳадди ақал GPA 3.5);
- Сертификати забонҳои испанӣ ва англисӣ (B1, B2);
- Мактуби ангезавӣ (motivation letter);
- Тавсиянома (2 дона);
- Дипломи дараҷаи бакалавриатура (барои магистратура);
- Лоиҳаи рисолаи магистрӣ (барои магистратура);
- Лоиҳаи рисолаи доктор PhD (барои доктор PhD);
- Шартномаи омӯзишӣ дар давоми таҳсил дар Донишгоҳи Кадис;
Охирон мӯҳлати қабули дархостҳо санаи 15.04.2026.
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 