Ба диққати донишҷӯёни ДДТТ расонида мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо нусхаи номаи Мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) ҷаноби Берик Аринро оид ба татбиқи барномаи бурсиявии муштараки IOFS–COMSTECH таҳти унвони «Бурсияҳо барои таҳқиқот ва омӯзиш дар соҳаи амнияти озуқаворӣ» барои баррасӣ мефиристад.
Барномаи мазкур барои донишҷӯёни зинаи магистр аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бурсияҳои таҳқиқотӣ ва омӯзиширо дар Донишгоҳи тадқиқотии агротехникии Қазоқистон ба номи С. Сейфуллин (шаҳри Остона) пешбинӣ менамояд.
Давомнокии барнома 4–6 моҳро ташкил медиҳад.
Самти барнома ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба амнияти озуқаворӣ, рушди бахши кишоварзӣ ва таҳлили сиёсати кишоварзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудааст.
Тибқи маълумоти ҷониби ташаббускор, тамоми хароҷоти вобаста ба иштирок дар барнома, аз ҷумла сафарҳои байналмилалӣ, манзил, дастрасӣ ба инфрасохтори тадқиқотӣ ва табодули академӣ аз ҷониби IOFS, COMSTECH ва донишгоҳи мизбон маблағгузорӣ мегардад.
Бо дарназардошти аҳамияти рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ дар самти амнияти озуқаворӣ, хоҳиш карда мешавад масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, аз натиҷа ба вазорат иттилоъ пешниҳод намоед.
Маълумоти муфассал дар сомона: https://tguk.tj/index.php/tj/
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 