ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ – ЧЕМПИОНИ DUSHANBE GRAND SLAM 2026

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 02 Май 2026

Рӯзи 1-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо Dushanbe Grand Slam 2026 оғоз гардид, ки он то 3-юми май идома меёбад.

 Боиси ифтихор аст, ки дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ магистранти курси якуми ихтисоси 240103 - ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ғолиб омада, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.

 Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ Эмомалӣ Нуралиро бо ин дастоварди бузург табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаи варзишиаш барору комёбӣ орзу менамоянд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top